Амали террористӣ дар Барселона: 13 кушта ва 100 захмӣ...
Дар пайи ду ҳамлаи мошинҳо ба одамон дар Испания 13 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ронандаи як мусофиркаши хурд дар шаҳри Барселонаи Испания 17 август мошинро ҷониби одамон ронда ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷа, 13 тан кушта, 100 кас маҷруҳ шудааст. Дар шаҳри Камбрилс ҳам як мошин пиёдаравҳоро пахш кардааст. Гуфта мешавад, дасти кам ҳафт нафар захм бардоштаанд.
Мақомоти Испания субҳи ҷумъа аз кушта шудани чор ҳамлакунанда ва маҷруҳ гардидани як нафари дигар дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ хабар додаанд. Ба гузориши расонаҳои Испания, ин афрод қасд доштанд чанд соат пас аз ҳамла дар Барселона, ба мардум дар шаҳри Камбрилс ҳамла кунанд. Пулис мегӯяд, эҳтимолан ин афрод камарбандҳои интиҳорӣ доштанд.
Расонаҳо мегӯянд, гуруҳи ҳаросафкани ба ном “Давлати исломӣ” масъулияти ин ҳамлаҳоро бар душ гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |