Бахшҳо

Қонунро танзим кунем ё танзимро қонун?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Ин шабу рӯзҳо мавзӯи нумраи аввали Тоҷикистон масъалаи тағйирот ба қонуни ба истилоҳ “танзим” аст. Ҳато ин мавзӯъ аз шумули мансабдорони “сатҳи баланд” як “қурбонӣ” ҳам дод. Сайфиддин Назарзода, мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар тӯйи писараш муқаррароти ин қонунро риоят накардааст, аз мансаб сабукдӯш шуд. Вале оё ин мавзӯъ барои Тоҷикистон усулист? Агар усулист шеваи роҳандохта дуруст аст?

Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки ин гуна қонунҳо ва “чорабиниҳо” хоси ҷомеаҳои ақибмонда мебошанд. Яъне, ҷомеаҳое ки ҳам ба лиҳози иқтисодӣ ва ҳам ба лиҳози маънавӣ ақиб мондаанд. Зеро танзим кардани қонунмандиҳои рафтори фитрӣ ва маишӣ хосӣ меъёрҳои ҳуқуқ набуда, дар ҷомеаҳои огоҳу аз лиҳози маънавӣ пешрафтатар хоси меъёрҳои ахлоқ мебошад. Ин тафаккури камбағалии мост, ки мехоҳем ҳама бидонанд, ки мо то куҷо дасткушоду сахием. Дар ҳоле ки худамон медонем, ки тавонмандии ин ҳама беҳудакориро надорем. Вале аз сӯйи дигар инсон баста ба тавонмандиҳои моливу иқтисодиаш мухтор аст, ки дар чӣ поя ва бо чӣ шаҳомате масоили хонаводагияшро мудирият кунад.

Агар ҷомеаи мо як ҷомеаи маданӣ шавад (аз лиҳози илму донишу маънавиёи пешрафт кунад) мардум худ ба ин пиндор мерасад, ки ин ҳама дағдағаву шаҳомат кори беҳудае беш нест. Дар ҷомеаҳои аврупоӣ, ки зоҳиран ҳам ба лиҳози маънавию ҳам ба лиҳози иқтисодӣ аз мо доротаранд ин гуна масоилро сатҳи маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа барвақт танзим кардааст. Доротаринҳои онҳо тӯйҳояшонро бо 20-30 нафар бо ду се шиша шампону ду се навъи солодҳо баргузор мекунанд. Вале дар ин баробар суоли посухталаб ин аст, ки оё дар воқеъ сабаби “стагнатсия”-и ҷомеаи мо ҳамин хароҷоти беҳудаанд?

Агар ин пиндор дуруст бошад, чиро давлат аз баргузор кардани маъракаҳои намоишкоронаи ҷашну идҳои давлатӣ даст намекашад? Магар ин ҷашнҳо хароҷот надоранд? Даст накашидани давлат аз ин ҳама намоишкориҳои пурҳазина ба ин маъно нест, ки бо сарфа кардан аз хароҷоти ҷашнҳои хонаводагӣ давлат барои хароҷоти худ дар ҷашнҳои давлатӣ ҳазина меғундорад? Вале аз ин ҳама суолу посухҳои риторикиву пиндорҳо агар бигзарем, ба ин тафаккур мерасем, ки Тоҷикистон ба қонуни танзим ниёз дорад ё танзими қонун?

Албатта, посух ин аст, ки танзими қонун. Зеро бештарини омилҳои ақибмондагӣ ва камбағалии мо берун аз қонун ҷо гирифтани мардум, пеш аз ҳама ҳукумат ва мансабдорон мебошанд. Набуди ҳокимияти қонун (волоияти қонун) дар Тоҷикистон омили эҷоди ин ҳама бебандуборӣ шудааст. Чиро барои садама кардани писари муовини нахуствазир “ҳолати техникии автомошина” гунаҳкор мешаваду барои садама кардани шаҳрвандони муқаррарӣ қонун “сад дар сад” татбиқ мешавад? Оё мардум ин тарафи амалкардҳои мансабдоронро намебинанд? Ҳатман мебинанд. Ҳамин аст, ки худи амалкарди мансабдорон ва ё чашмпӯшии ҳукумат масъалаи танзими қонунро ба як кори ношуданӣ табдил медиҳад. То замоне ки худи ҳукумат ва мансабдорон дар иҷрои қонун садоқат нишон надиҳанд, ҳеч қонуне, аз ҷумла ҳамин “қонуни танзим”, ки бо пуштибонии раисҷумҳур вориди порлумон шуд, риоят намешавад.

Рӯшан аст, ки сабаби рушд накардани Тоҷикистон “беқонунӣ дар доираи қонун” аст. Бо ин мушкил ҳам мубориза кардан мантиқитар ва фоидаовартар аст...
Мӯҳр
марзи гапро гуфти бародарҷон

Омуи
Танхо чумла авал кофист
Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки ин гуна қонунҳо ва “чорабиниҳо” хоси ҷомеаҳои ақибмонда мебошанд.
Баъди ин чумла дигар хамааш шархи олие аст.

Тугри кайд кардед ин хамааш сад дар сад рост аст.

Саидбилол
Бисер андешахои мантики ва бо Маврид. вокеан дар Точикистон танзими конун ба ичро ва риояи чиддии он зери назорат гирифта шавад.

Хушхол гаштам, ки чунин андешаву фикрхои амику, соддаю фахмо доред. Ташаккур ва бурдбори!

мехмон
Конуни танзим бояд аз худи давлат ва ходимони баландпояи давлат огоз шавад. Аввал аз идхои давлати ва намоишхои бекора ки кудакони мактабхонро моххо маршировка медиханд. Дар хама чо мо аз ,,чахонишавии" чумхури маърузахо мекунему аз чахони муосир кариб як аср кафо мондаем. Ин кафомони ба рафтору кирдорамон рост меояд. Аз тарафи иктисодиёт ва технология 350 сол кафо мондаем. Аз мошинасози, микророботхо, техникаи харбию самолетсози бошад 1000 сол кафо мондаем. Исбот :----Магар дар се чор садсола Точикистон кудрати сохтани киштии кайхониро дорад?

Салом
Бародарчон беморт наброран хубаи

Карим
Ҳақ бар ҷониби шумост бародар

Али
аы
Ба тую маъракаи мардум дахолат кардан ин шармандагист. Касе зураш мерасад, бигзор базми пурдабдаба баропо намояд. касе надорад, пояшро ба кади курпааш дароз кунад. Хаети чамъияти моро ба менталитети мардуми кишлок нигох карда танзим намуда истодаанд. Дар кишлокчойхо хамин хел аст, ки агар хамсоя туи бодабдаба барпо намояд, дигарон аз бахили кафида (пеш аз хама занхо) бояд карзу фарз карда аз хамсоя пеш гузаранд. Чи кор дори бо маъракаи шахси дигар? Чаро дар мамолики гарб ин гуна рафтор вучуд надорад? Чунки дар он чо касе ба касе кор надорад. Гайр аз ин он мардум беакл нестанд, ки пулро барои худнамои сарф кунанд. Дар он чо обруи инсон на аз дороист, балки аз рафтори хамида аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)