Бахшҳо

Пешниҳоди раис барои фаъолсозии “Мурғи Ҳилол”-и "Дости Бурут"

Миралӣ Раҷабзода, раиси ноҳияи Файзобод аз талошҳо барои дубора фаъол кардани корхонаи парандапарварии “Мурғи ҳилол”-и ноҳия хабар дод, ки ахиран дар пайи мушкили молӣ аз фаъолият боз мондааст.

Раҷабзода зимни як нишаст дар ноҳияи Файзобод гуфт, баъди қатъи фаъолияти "Мурғи ҳилол" дар ноҳияи Файзобод, нақшаи андозҳо иҷро нагардида, савдои чакана дар ноҳия коҳиш ёфтааст.

Раиси ноҳияи Файзобод афзуд, ҳоло дар якҷоягӣ бо раҳбарияти корхонаи “Мурғи ҳилол” талош доранд, ки корхонаи мазкур ҳарчи зудтар фаъол шавад: “Корхонаи “Мурғи ҳилол” дар гузашта аз давлат қарз гирифта, то ҳол қарзашро барнагардонидааст, бино бар ин ҳоло наметавонанд боз қарз гирад”.
Раиси ноҳияи Файзобод илова намуд, ки ӯ бевосита аз вазири молияи Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар сурате, ки ба корхона қарз дода наметавонед, моликиятро гирифта ба дигар кас диҳед, то ин ки корхона кор кунад.

Раҷабзода қарзи корхонаи мазкурро аз андоз калонтарин дар Файзобод хонд, ки 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: “Давоми шаш моҳи соли равон ба буҷа ба ҷои 19 миллиону 125 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда, 18 миллиону 983 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 142 ҳазор сомонӣ камтар буда, 99 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил менамояд. Яке аз сабабҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи андозҳо ва афзудани бақияпулиҳо, аз фаъолият бозмондани Ҷамъияти дорои масъулияташ муҳдуди «Мурғи ҳилол» мебошад”.

Ба қавли Раҷабзода Миралӣ дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми савдои чакана дар Файзобод ба маротиб кам гардидааст, ки сабаби асососии ин раванд низ аз фаъолият боз мондани корхонаи "Мурғи ҳилол" будааст.

Корхонаи парандапарварии “Мурғи Ҳилол”, ки ба хонаводаи соҳибкори маъруф Дӯстмурод Ҳакимов, мулаққаб ба "Дости Бурут" тааллуқ дорад, ахиран эълон кард, ҳудуди 600 кормандашро ба рухсатии бемузд гусел намудааст.

Зафар Ҳакимов, директори корхонаи “Мурғи Ҳилол” рӯзи 17 август дар суҳбат ба “Озодагон” далели қатъи фаъолияти онро мушкили молӣ унвон кард. Ӯ гуфт, барои дубора фаъол намудани корхона лоиҳае таҳия шуда, онро Вазорати молияи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, фаъолияти корхона аз воридот вобастагии зиёд дошт ва масъулин бо далели мушкили молӣ натавонистаанд миқдори зарурии хӯроки омехтаи парранда ва чӯҷаи якрӯзаро дар вақти пешбинишуда ворид намоянд.

Масъулини корхона мегӯянд, саршумори мурғро аз 30 ҳазори соли аввали фаъолияти корхона ба 742,3 ҳазор ва истеҳсоли тухмро аз 2,3 миллион ба 97 миллион дона расонида буд. Корхонаи “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод яке аз корхонаҳои маъруфи кишвар маҳсуб меёфт ва соли 2008 ба фаъолият оғоз намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни боздид аз Файзобод дар соли 2008 аз ин корхона ҳам дидан намуд. Дафтари матбуоти Президент он замон навишт, корхона аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсолот дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи дуввум қарор дорад ва дар сурати ба иқтидори пуррааш кор кардан метавонад, тамоми муассисаҳои паррандапарварии кишварро бо хуроки омехтаи серғизо таъмин намояд: “Корхона дар 8 соати кориаш метавонад 200 тонна хӯроки омехта омода кунад”.

Пурра аз фаъолият боз мондани корхонаи “Мурғи Ҳилол” дар ҳолест, ки Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 26 июл зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, давоми шаш моҳи соли равон 78 корхона таъсис ёфта, 175 корхонаи саноатӣ дар кишвар аз кор бозмондааст. Бобозода иброз дошт, ки вақте сухан дар бораи аз фаъолият бозмондани корхонаҳо меравад, бояд таъкид намуд, ки баъзе корхонаҳо фаъолияти мавсимӣ доранд. Ба гуфтаи вазир, сабаби аз кор мондани корхонаҳо ба қарздории онҳо назди бонкҳо марбут аст: “Бархе корхонаҳо аз бонкҳо қарз мегиранд ва сари вақт наметавонанд онро баргардонанд”. Ҷаноби Бобозода афзуд, дар ҳоли ҳозир дар миқёси кишвар 1957 корхонаи саноатӣ фаъол аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)