Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:44

Мирзиёев аз додситонҳо хост, кори пулисро сахт назорат кунанд

18 август 2017, 14:38

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев 17 август дар як ҷаласаи видеоӣ дар шаҳри Тошканд вазъ, мушкилот ва вазифаҳои минбаъдаи мақомоти умури дохилии ин кишварро ба баррасӣ гирифтааст. Дар ин бора Uzbekistan24 хабар дод.

Мирзиёев гуфт, дар камбудиҳои кори мақомоти умури дохилии Ӯзбекистон, ки солҳои тӯлонӣ мавҷуданду дар ҳалли онҳо бетаваҷҷуҳӣ ва саҳлангорӣ зоҳир мешавад, додситонҳои шаҳру ноҳияҳои ин кишвар низ айбдор ҳастанд.

"Яке аз вазифаҳои асосии додситонӣ назорати иҷрои қонунҳо аз тарафи кормандони умури дохилӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ аст. Вале бархеи додситонҳо ошнобозӣ карда, ин вазифаро анҷом намедиҳанд. Хулоса, фаъолияти кормандони умури дохилӣ аз тарафи додситониҳо дар сатҳи зарурӣ назорат намешавад",-афзуд ӯ.

Аз кори мақомоти умури дохилӣ низ дар самти ифшои ҷинояткориҳо интиқод шудааст. То имрӯз дар Ӯзбекистон 3 ҳазору 186 ҷиноят ошкорношуда боқӣ монда, аз 15 ҳазору 958 нафаре, ки дар кофтукобанд, танҳо 5250 танашон боздошт гаштаанд. Ҳолатҳои пинҳон кардани ҷинояткориҳои кормандони умури дохилӣ ҳам вуҷуд доранд.

"Инро метавон талошҳои бо роҳи сунъӣ поин бурдани нишондодҳои сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳифзи кормандони худ номид",- изҳор дошт президенти Ӯзбекистон.

Мирзиёев ба додситони кулли Узбакистон дастур дод, ки назорати шадиди фаъолияти кормандони умури дохилиро аз тарафи додситониҳо ба роҳ монда, масъулияти шахсии додситонҳоро баланд бардорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!