Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 10:31

Ҳукми полковник Квачков, ки мегӯяд Фронти халқиро ӯ сохт (ВИДЕО)

19 август 2017, 09:23

Владимир Квачков, собиқ полковники раёсати ҷосусӣ-“ГРУ”-и Русия, ки бо изҳороташ дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон низ маъруф аст, 18-уми август боз ба 1,5 соли дигари зиндон маҳкум шуд.

Тибқи иттилои расонаҳои Русия додгоҳи низомии Самара Квачковро дар барангехтани кинаю адоват гунаҳкор донист ва бо назардошти ҳукми қаблӣ ӯ 2 солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Парвандаи навбатӣ алайҳи Квачков марти соли 2016, баъди нашри видео дар бораи солгарди сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс оғоз гардид: “Ӯ соли 2005 дар ташкили сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс, раҳбари корхонаи "ЕЭС России" муттаҳам шуд. Аммо ду бор-2008 ва 2010 ӯ сафед карда шуд”.

Собиқ полковники ГРУ инчунин худро аз ташкилдиҳандаҳои Фронти халқӣ арзёбӣ мекунад. Ӯ изҳор доштааст, ки бо дастури намояндагони Русия, Узбакистон ва Қазоқистон дар Тоҷикистон ҳаракати зиддиисломӣ ташкил карда, Сангак Сафаров ба раҳбарии он расонд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мехмон

  • 19 август 2017 12:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сангак Сафаровро у намондааст. Уро халки собик вилояти Кулоб интихоб карда буд .Пеш аз Сангак Сафаров Иброхим Исмоил буд. Ин полковник харзагу хаст.Шумо чи хел дар мухосира мондани халки Кулоб ва гуруснаги кашидани онро наменависед. Чи хел ин бародарони давлати Исломи барпокунанда роххоро ба Кулоб баста ва аз Душанбею собик вилояти Кургонтеппа халки таалук ба Кулобро ба суи ватани бобоиашон гуреза карданд наменависед. Мардуми Кулоб инро кам ба ёд меоранд. Ин хамаро ман бо чашми худ дидам. Ба ягон полковники фитнаангез гуш накунед.
Посух додан
  • Спецназ

  • 21 август 2017 09:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мехмон,
Сад дар сад суханхои Квачков дурустанд. Ту холо дар бораи дастгирии фронти халки аз тарафи дивизияи 201 ва артиши Узбакистон хам шояд хабар надори. Сангакро бошад Квачков пешниход кард ва чонишини вазири мудофиаи Узбакистон утверждать кард.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!