Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 10:36

Р.Эмомалӣ хостааст, тобеинаш технологияро самаранок кор баранд

19 август 2017, 09:53

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба таҳия, такмил ва истифодабарии технологияҳои навин таъсис дода шавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ 18-уми август иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ ҳадафи қарори Р.Эмомалӣ роҳандозӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки технологияҳои муосир мебошад. Шаҳрдори Душанбе ният дорад, тариқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро беҳтар гардонад.

Р.Эмомалӣ таъкид намудааст, ки фаъолияти Шӯро дар доираи қонун ва низомнома роҳандозӣ шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!