Бахшҳо

Дархости Русия аз додгоҳи тоҷик: Хужина қасди бад надошт

Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як изҳорот дархости таъмини адолат дар қазияи додгоҳии шаҳрванди ин кишвар, Татяна Хужина кардааст, ки феълан дар Тоҷикистон идома дорад.

ВУХ-и Русия изҳори умед кардааст, ки додгоҳи Тоҷикистон бо назардошти баъзе ҳолатҳои сабуккунанда, ҷумла бори аввал содир кардани ҷиноят ва қасди баде надоштан, ҳукми одилона мебарорад.

Татяна Хужина, шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон ба қочоқи тангаи қадимаи бароришаш соли 1823 муттаҳам шуда, моҳи июли соли ҷорӣ аз суи мақомоти тоҷик боздошт гардид.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Русия, ки 18 август нашр шуд, омадааст, ки аз замони муроҷиати Хужина ба Сафорати Русия дар Тоҷикистон, дипломатҳо равандро назорат карда, ҳамеша бо ӯ дар тамос будаанд ва кумакҳои заруриро мерасонанд. Вазорат гуфтааст, Татяна Хужина бо вакили дифоъ ва тарҷумон таъмин шудааст ва намояндаи сафорат дар ҳар ҷаласаи додгоҳ ширкат мекунад: “Ягон ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми ҷаласаҳои додгоҳӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Дар идомаи баёния омадааст, ин қазияи таваҷҷуҳи расонаҳои Русия ва тоҷикро ҷалб кардааст, ки ин бастагӣ дорад пеш аз ҳама ба қонунгузории Тоҷикистон, ки барои содир кардани чунин амал 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад: “Бояд қайд кард, ки бо баҳои коршиносон танга дар бозор 3-5 доллар арзиш дорад”.

Дар ҷаласаи рӯзи 18-ум август намояндаи додситонӣ аз додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои Татяна Хужина шаш соли зиндон талаб кардааст. Ҷаласаи дигари додгоҳӣ 21-уми август баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
Согдиец
Макомоти точик бояд чавоб диханд, ки мо бо ниятхо он кадар сарукор надорем, барои мо мухим рафтор аст, рафтор хилофи конун буд, вассалом. Точикони бегунахро ба махбасхо чо мекунанду чи бадихое нисбати мо намекунанд мо то кай ин тоифаи беаслу насаби шимолии олтойитаборро таъзим кунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)