Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:37

Боздошти як зоир бо маводи мухаддир дар фурудгоҳи Самарқанд

21 август 2017, 11:48

Кормандони гумруки фурудгоҳи Самарқанд як шаҳрванди Узбакистонро, ки озими ҳаҷ буд, бо гумони талоши интиқоли 6 ҳазор доллар ва 72 грамм афюн боздошт карданд.

Ҳангоми тафтиш кормандони гумрук аз Шамшӣ Аҳроров 72 грам афюн ва 5722 доллари ИМА, ба иловаи асъори кишварҳои дигар пайдо карданд. Ин мард афюнро дар халтаҳои полиэтиленӣ гирифта, дохили нонҳо ҷой кардааст.

Тибқи қонунгузории Арабистони Саудӣ, интиқол, тиҷорат, нигаҳдорӣ ва истифодаи маводи мухаддир дар он кишвар ҳукми қатл дар пай дорад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, додситонии Узбакистон таҳқиқ мебарад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!