Бахшҳо

"Маҳмудро кӯфт, гӯшашро газид ва ӯро боз гунаҳкор кард"

Маҳмуд, марди тоҷик, ки тайи 10 соли охир дар Маскав кӯчарӯбӣ мекардааст, мавриди латукӯб қарор гирифта, ҳамлагар гӯши ӯро газида, кандаст.

Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ Александр Зайтсев дар сафҳаи фейсбукияш хабар дода, афзудааст, ки латукӯби ваҳшиёна дар кӯчаи ман-Матвеев рух додааст. Зайтсев аз қавли сокинони дигари кӯчаи Матвеев кӯчарӯби собиқадор-Маҳмудро марди оромтабиату хайрхоҳ хонда, таъкид намудааст, ки ӯро шавҳари яке аз сокинони кӯча латукӯб намудааст: “Маҳмуд 15-уми август аз он зан хоҳиш кардааст, ки сагашро нагузорад болои гулҳои коридааш ҳоҷаташро бароварда кунад. Субҳи дигар Маҳмуд аз сӯи шавҳари он зан мавриди латукӯби шадид қарор гирифтааст. Дар идораи пулиси Очакова-Матвеев шикояти Маҳмудро қабул накарда, маслиҳат додаанд, ки қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳал намояд. Маҳмуд қабул кардааст, аммо рӯзи дигар боз мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Он марди ҳамлагар ин дафъа талаб кардааст, ки Маҳмуд узр пурсад ва гӯши чапи ӯро газида, кандаст. Маҳмудро аз дасти ҳамлагар афроди роҳгузар халос намудаанд. Дар ин лаҳза ба дасти Маҳмуд санге расидааст ва ӯ бо ин санг ҳамлагарро задааст”.

Зайтсев илова намудааст, ки ҳамлагар бо истифода аз беҳимоятии шаҳрванди Тоҷикистон хостааст, худро ҳамчун ҷабрдидаи латукӯб нишон диҳад: “Аммо раҳмат ба «Гражданское содействие» ва вакил Ирина Бирюкова, ки ба қазия дахолат карду ариза ба кумитаи тафтишотӣ пешниҳод гардид. Акнун ариза қабул шуда, тафтишот идома дорад”.

Ҳомии ҳуқуқ аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки нисбати чунин қазияҳо бетараф набошанд, чун ин на танҳо ҷиноят дар заминаи адовати миллӣ, балки як ваҳшоният аст, ки бояд бо он мубориза бурд.


"Маҳмудро кӯфт, гӯшашро газид ва ӯро боз гунаҳкор кард"
Мӯҳр
мухочир
бояд ба он зан чизе намегуфт айби хдуш чи кор дори ба саги зан

Як назар
Бояд ХУЖИНАРА барои хаму танга чарима не 6 солам не 10 сол мешиноданш БАРОИ руссо шахрвандшон азизу шахрвандои мо барои мо азиз не ДУРУСТ КИ РАСИЯ КИШВАРИ БУЗУРГАЙ БА КУДРАТАЙ АММО МА МУТМАИНМ КИ АГАР ТОЧИКИСТО ДИПЛОМАТИКаИ КАВИ ДОШТА БОША МЕТОНА ПЕШИ И БЕАДОЛАТИРА НИСБАТИ ШАХРВАНДОНАШ БИГИРАД сиёсат яъне гуфтугу хакталаби бидуни чанг ва кудрати низоми агар мо сиёсат мадорони босавод медоштем бо вучуди надоштани куваи низоми ва иктисоди кави метонистем коре кнем ки хамватанонамон хор нашаванд дар гариби

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)