Бахшҳо

Арабистон: Тасаввур ва воқеият

Иршод СУЛАЙМОНӢ, Мадина, Арабистони Саудӣ

Худоро шукр мегӯям, ки имкон даст дод то сарзаминҳои муқаддаси муслимин -- Маддинаи Мунаввара ва Маккаи Мукаррамаро дар маросими Ҳаҷҷи имсол зиёрат намоям.

Бо пуштибонии Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва даъвати Вазорати фарҳанг ва расонаҳои ин кишвар дар маросими Ҳаҷҷи имсол ҳузур пайдо кардам. То кунун ду рӯз дар Ҷидда будам ва як рӯз аст, ки дар Мадина қарор дорем. Он чӣ ин ҷо менависам дар мавриди Ҷидда аст ва ҳамчунин дар мавриди бовару дидгоҳ ва тасаввурҳои мо дар бораи ин кишвар.

Аксари мо аз Саудӣ шинохти расонаӣ ва ё интернетӣ дорем. Дар тасаввури мо Саудӣ як кишвари салафиҳои исломгарои шадид аст ва дар ин кишвар одоту русуми исломӣ ба гунаи клоссик ва як миқдор иҷбору шадид мавҷуданд. Бояд бигӯям, ки ҳамин тасаввурро ман низ доштам, вале иттифоқ уфтодани як ҳодиса ва ворид шудан ба Ҷидда ин тасаввури маро шикаст. Албатта он чи мегӯям шинохт ва таҳлили ман аз умқу матни ҷомеаи Арабистон нест, чаро ки ин ҳамаро ба унвони мушоҳида менависам. Ман то ҳол ошноии дурусте дар жарфнои ҷомеаи ин кишвар надорам. Шояд то охири сафар дидгоҳҳои ман тағйир бикунад, вале ҳоло дидгоҳҳо ва шинохти муқаддамотӣ чунин аст.

Чун ба фурудгоҳи Ҷидда расидем аз бағоҷам дараке нашуд. Ҳамроҳ бо намояндаҳои Вазорати фарҳанг, ки барои истиқболи ман омада буданд (тамоми меҳмонони даъватшударо пешвоз мегиранд) назди масъулони бағоҷи ширкати ҳавопаймойии “Саудия” (ширкате, ки моро аз дубай ба Ҷидда бурд), рафтем. Масъулони ширкат бароям як ҳуҷҷат доданд, ки дар сархати он чунин навишта шудааст: “Лутфан узру маъзарати ширкати “Саудия”-ро барои эҷоди нороҳатӣ ва дастрас накардани бағоҷатон бипазиред. Мо тамоми талоши мумкинро мекунем то бағоҷи шуморо ҳар чи зудтар пайдо бикунем”.

Ва ҳамчунин суханони боварбахшу диплумотии хуби дигаре, ки маро қаноат доданд, ки ҳатман бағоҷам пайдо мешавад. Ҳарчанд, то кунун пайдо нашудааст. Чизи дигаре, ки мояи хушҳолии ман шуд ин буд, ки масъулони ин ширкат бисёр бо мулоимат ва димплумосии хос мегуфтанд, ки “нороҳат мабош, иншоАллоҳ ҳатман пайдо мешавад”.

Тасаввур кунед, агар чунин як иттифоқ дар Душанбе ва ё кишварҳои дигари пасошӯравӣ биуфтад... Ба таъбири ҳамон овозхони эронӣ “тасаввур карданаш сахте”.

Ҷидда бар хилофи пиндор ва тасаввури ман як шаҳри бисёр муосирест. Дар мавриди меҳмонхонаҳо ва шароиту хидматгузорияшон камтар менависам. Ман пештар аз ин дар чандин иёлатҳои ИМА ва шаҳрҳои Аврупо будаам. Тақрибан сатҳ ва дараҷаи хидматгузорӣ дар меҳмонхонаҳои ин шаҳр камтар аз ИМА нест. Балки дар бештари маворид баландтар аст. Чизе ки аз ҳама пештар таваҷҷуҳи маро ҷалб кард, меъморӣ ва тарзи шаҳрсозии ин шаҳр буд, ки бисёр шабоҳатҳо бо дизойн ва меъмории ИМА дорад. Хусусан роҳсозӣ ва дизойни онҳо ва мағозаву дигар муассисоти маишӣ. Хусусан мағозаҳои бузургу ҷамъӣ, ба истилоҳ Моллҳо...

Албатта ман тамоми Ҷиддаро надидам, вале як хиёбонашро, ки аз меҳмонхонаи мо ба самти фурудгоҳ меравад чанд бор пиёда сайр кардам ва саре ба чандин фурӯшгоҳу масоҷид задам. Нархҳо дар мағозаҳои ин шаҳр қиёсан бо Тоҷикистон арзонтаранд. Ҳатто молу колои баъзе аз брендҳои сатҳи миёнаи аврупоӣ нисбат ба Аврупо инҷо арзонтар фурӯхта мешаванд. Қариб аксари фурӯшгоҳҳо аз васоили фурӯши замони муосир кор мегиранд ва таҷҳизоти муосири ҳисобу китоб, молиётгирӣ ва амсоли инро доранд.

Ин шаҳр мисле ки мо тасаввур мекунем бисёр симои мазҳабии асримиёнагӣ надорад...
(давом дорад)
Мӯҳр
Арабзода
Хамон диплумосияш зур ку, лекин иншоАллохаш чатток. Араб ки иншооллох гуфт фахмед ки хеч гох!

Мирзобек
Маълум, ки муаллиф бояд илтифот Сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанберо "отрбатат" кунад. Гум шудани бағоҷашро тавре некбинона қаламдод кардааст, ки ногуфтанӣ. Шояд арабе сумкаи ӯро бо дашноми болохонадоре сахт ҳаво дода бошад ва он канор монда. Аммо бинед чӣ бархудӣ "мусбӣ ва беғаразона" аз тарафи ҷабрдида.

ҷовид
Ҳамин Иршод надид, ки ин шо аллоҳ-ро ба тарзи Шарқӣ гуфтанд ё Ғарбӣ зеро инҳо ду ин шоа-ллоҳ доранд агар ин шоа-ллоҳашон Шарқӣ бошад аз боғоҷ умедашонро кананд .Зеро сухани рост аз инҳо фарсахҳо фосила дорад.

Забони Ибни Мукаффаъ
Иршод чота ёфтаги боши набиё Точикистон. хар чое ки бо акидаву чахонбиниат созгориву хамхони дорад хамон чо зиндаги кун. хам лаззати ин дунёро бару хам дар он дунё бо хурхои бихишти хамрохидигар кормандонат ва арабхо зиндагии хуше шояд хохи дошт асал хур оби чашма ва 72 хур. Аммо мо мардуми азияткашидаи точикро бахоламон гузор то ояндаамонро созем.

Тамоми сохтмону хиёбонҳои муосиру шукӯҳу шаҳомати Арабистони Саудӣ, аз он ҷумла, аз баракати пулҳои шумо барин ҳоҷиён аст. Фурсатро ғанимаи шумурда, таҳқиқу мушоҳидаро идома диҳед, ку дар маросими зиёрати Ҳаҷи калон чанд миллион нафар зойирин иштирок мекунанд? Аз шунидани ман ҳар сол 5 млн. нафар фақат барои зиёрат дар Иди қурбон ҳозир мешаванд. Агар ҳар яке шумо ҳоҷиён дар Саудия фақат ЯК доллари сарф кунед, он кишвар 5 миллион доллар ба даст меорад. Агар 100 доларӣ сарф кунед чӣ? 1000 долларӣ чӣ? Он тарафашро ҳар кас худаш ҳисоб кунад! Ғайр аз ин одамон соли дароз барои зиёрати умра мераванд. Возеҳ аст, ки Саудия газу нафт ҳам содир мекунад, вале аз зиёрати ҳоҷиён он кишвар даромади ҳангуфт ба даст меорад.
Мебоист, ки Саудия аз ин даромад ба бародарони муслимаш дар қашшоқтарин мамолики исломӣ кӯмак кунад. Масалан, ба кишвари Бангладеш, Афғонистон ё фарз кардем, Тоҷикистон. Вале аз ин хайрия ҳазар мекунад.

Paymon
Aknun nazdi shumo omada nameguyand,ki mo salafihoro sozmon dodemu pushtiboni mekunem.Yo nazdi shumo az norasoihoyashon nameguyand , vakt ham nadorand, chun biser mehohand pulhoi shumo- hojiho burdaro bishmorand. Bagoja najofted? Hej gap ne, guftand ku "inshaaloh" ,znachit "pajdo meshad".

Маълим
Устоз камтар бемаъне гап задаи неки. Боварие, ки ба саводу фахматон доштам камтар кам шуд. Богочи Шумо гум шудааст на шумо ягон нишастгохи таёраро канда ба берун партофтаед, ки бо Шумо чунин муносибат кардаанд. Мантик вучуд надорад. Боз Точикистону дигар кишвархои пасоншуравиро киноя кардед. Фахм надоред, ки дар хаминчо хам богочатро гум кунанд бо ту хамин тавр рафтор мекунанд, харчанд шояд чун арабхо наёбанд онро... Гум кардаанд бо биоян гуянд, ки эй Точик богочатро гум кардем мо масъул нестем ва намекобем? Кадом Точикистони дар хамин маврид чунин рафтор мекунад. Ба Макка хам рафти то хол дарси Ватандори наомухти. Ватандустиро аз Паёмбари Худо (дуруд бар у) ёд гир баъд биё.

шумо Тоиф биравед бисёр шахри тоза зебо аст умуман Сауди барои шахрвандони худ шароитхои хуб мухаё кардаги беморхонахои давлати хизматрасони хама бепул дорухо хам донишгох бепул барои шахрвандонаш карзхо бе фоиз медихад барои оиладоршави ё дигар корхо инчо занхо монанде ки точикои мо тасавур мекунан он хел зиндаги намекунан гуё инчо зано бекадр баръакс зано дар хона хеч кор намекунан гайри кудакошона нигох кадан инчо хам пеш чандзани мегирифтан хозирда якзани хаст мардхо кушиш мекунан ки хонаводашона тамин кунан то заношон кор накунан инча зан кор куна барои мардо як нанг хисоб мешава дар идхо ба ягон шахрои сауди тамошо мераван бисёртар хорича мактабои миёна монанди ммо хамаӣ барнои дарси хама фан дора то синфи 12 мехонан кудако аз зурдишон рохи тичората алакай медонан мардуми сауди бисёруш ай хукуматшон рози застан факат шияхое хастан ки хукумата дуст намедоран ман инхора аз хаво нагуфтам ма ӣо чашмам дидам лу соласт ки ма дар тоифи сауди зиндаги доштам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)