Пентагон: Рӯзи террористони ДИИШ сар омадааст
Ҷеймс Мэттис, раҳбари Пентагона иддао дорад, умри гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дар ҳоли поёнёбист.
Ӯ зимни як боздиди ғайриинтизор ба Бағдод гуфтааст, ҷангиёни ДИИШ дар муҳосираи неруҳои ҳариф қарор доранд: “Аз ин рӯ рӯзҳои ДИИШ сар омадааст”.
Аммо вазири дифои ИМА дар идома изҳор дошта, ки ҳанӯз ин гуруҳи террористӣ нафас мекашад ва маҳфи он ояндаи наздик ғайриимкон аст.
Дар ҳоли ҳозир ДИИШ дар ду самт ба муқовимати шадид рӯбарӯ аст: дар шаҳрҳи Мавсили Ироқ ва Раққаи Сурия бо неруҳои ироқӣ ва эътилофи байналмилалӣ ва дар Сурия бо неруҳои ҳукуматии ин кишвар бо кумаки Русия.
ДИИШ чанд сол қабл якбора зуҳур кард ва шаҳрҳои бузурги Ироқу Сурияро муҳосира намуда, аз таъсиси давлати исломӣ хабар дод. Миёни ҷангиёни ин гуруҳи террористӣ садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини ОМОН-и Тоҷикистон ҳам ҳаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |