Бахшҳо

Пешниҳоди вакил алайҳи нархҳои “осмонӣ”-и ситораҳо: То 5 ҳазор $ мегиранд...

Ҷаббор Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки нархи иштироки сарояндаҳо дар тӯйҳо танзим карда шавад.

Ахмедов имрӯз, 23-юми август зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфт, бархе сарояндаҳо барои иштирок дар тӯй аз 500 то 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунанд, ки хеле гарон аст: “Ин ситораҳо, ки то 5 ҳазор доллар талаб мекунанд, ба сарояндаҳои дигар таъсири бад мерасонанд”.

Вакили мардумӣ аз мақомоти дахлдор талаб кард, ки масъалаи мазкурро таҳти назорат гиранд. Ӯ дар маҷмуъ аз тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷонибдорӣ намуд. Ахмедов мисол овард, ки феълан бисёриҳо маҳз барои баргузории тӯй ба муҳоҷират мераванд: “Танзими ин масъала ва қабули лоиҳа ба раванду мазмуни муҳоҷират низ таъсир мерасонад”.

Тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур пешниҳод шуда, ҷавобгарӣ барои нақзи қонунро пурзӯр мекунад.
Мӯҳр
ап
Рафик Ахмадов инро бозор мегуянд. Албатта нархи сарояндаи машхур гаронтар аст, мисле ки Мерседес аз Опел гаронтар аст. Наход шумо вакил шуда хаминро нафахмед?

Бисёр пешниходи оличаноб! Ин сарояндахои навбаромад хатто зинда хонда наметавонаду бо фонограмма дар 2 соат ( як соати дигар баранда гап зада, ба дигарон сухан медихад) аз 800 то 5000 долларро мегиранд, ки онхо дар як мох андози ночизеро ба давлат месупоранд. Бигузор дар тую маъракахо аз дискхо истифода бурда шавад. Шарт нест, ки барои танхо дидани сароянда маблаги хангуфт дода шавад. Аламовар он аст, ки он каттагии сарояндагони " бе овоз"-ро дар мошинхои гаронбахо мебинию дилат ба профессорону академику духтур месузад, ки солхои тулониро ба омузиши илм сарф кардаанду чунин мошинро харида наметавонанд. Илтимос, намояндагони мардуми, инро ба назар гиред!!!!

Шореҳ
Инро чӣ мешад гуфта?
Ин вакил дар куҷо таҳсил карда бошад?
Кани туйҳои ҳамин вакила худаша як санҷида бароед, чанд пул харҷ кардагӣю чан пулба ҳофиз овардагиш?
Дигар кор надоред?!

ЯК ПЕШНИҲОД:
МЕТАВОН ГУФТ,КИ НАРХИ САРОЯНДАГОН ТО (****-СОМОНӢ) МУҚАРАР КАРДА ШАВАД.МАҚСАД,КИ АЗ ИН МИҚДОР МАБЛАҒ ЗИЁД НАГИРАНД.ВА БА ҚАДРИ МАШҲУРИЯТ ВА ТАҚОЗОИ МАРДУМ, ХУДРО НАРХГУЗОРӢ НАМОЯНД.

Танзимбек
Агар тавони даъвати сарояндаи машхурро надори, бирав бобои Файзро заказ бикун. Бо як халта орд туятро обод мекунад.

Юсуфии Хучанди
Мухтарам Чаббор Ахмедов дуруст кайд намудед. Танзим на танхо дар шумораи иштироккунандагони базму маросим мебошад. Айни хол бо нархи хизматрасонии як хофиз ва ё як туйхона аз 5 то 10 оштуи, ки то кабули конуни танзим буд гузаронидан мумкин. Магар ин нархи навои хофиз, туйхона, гурков ва гайра раво аст? Депутатхои мухтарам агар гами халкро хурдани бошед, пеш аз конунро кабул намудан камтар окилона фикр кунед.

Фарҳангӣ
Муҳтарам Вакил, диққат нашавед. Худаш тахминан баъди як ду сол сарояндаҳоро сузан зада мекобед. Ҳа! мӯҳтарам Вакил, чаро,ки туйю маъракаҳо алакай танзим гуфта бо мондани мусиқии DJ бо нархи аз 300-500 сомонӣ бе малол рақсу бози бо диски сарояндаҳои дилхоҳ гузаронида истодаанд ё умуман як оши туй барои қавм бо ҳамин кори туй тамом. Дигар ин иборае,ки даҳ понздаҳ сол гушхарош намуда будед ҷомеъаро "УҲуууу сарояндаҳо аз 1000$ то 5000$ аз туйҳо маблағ меситонанд" куҳна шуду дигар имрӯз маъноероҳам надорад. Аз ин минбаъд туйҳоҳам бе даъвати санъаткорон мегузарад.Муассисаҳои фарҳангиҳам бе ҳунарманд-коргар мемонанд.Чун,ки дар 400-500 сомонӣ ҳеҷ кор намекунад.

Пешина бародар бисёр зур кайд кардан диск кати гузаронанд нагзтар чун ки бе ягон гуфтугу хама он сарояндагоне ки ситораи ким кадом само мегиранд худашона диск монда лабашонро мечунбонанд тамом аз ун дида хамун дсики ду сомона ги рену боки маблагро дар дигар камбудихои оиладори сарф кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)