Э.Раҳмон аз Чин бо 2 млрд грант барои ҳукумату парлумон бармегардад
Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар назар аст, ки Чин барои сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмааи ҳукумати кишвар 1,5 миллиард юан, муодили 230 миллион доллар ё ду миллиард сомонӣ ҷудо намояд.
Ҳикматуллоҳзода имрӯз, 23 август, зимни муаррифии Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ва Вазорати тиҷорати Хитой оид ба амалӣ гардонидани асосоноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмааи ҳукумат, гуфт дар сохтмони ин ду бино ҷониби Хитой барои иҷрои босифати сохтмон, воридоти таҷҳизот ва таъмини техника ӯҳдадор мебошад.
Ба қавли вазир Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки майдони сохтмонро тоза кунад, дастрасӣ ба обро таъмин намояд, масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ ва раводидро ҳал намояд. Ӯ афзуд, ҷониби Хитой аз тамоми пардохтҳои гумрукӣ озод хоҳад шуд ва пудратчии сохтмони биноҳо низ аз ҳисоби чиниҳо дар назар дошта шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, ба наздикӣ сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар назар буда, интизор меравад, ки зимни ҳамин сафар созишнома дар мавриди сохтмони ду бино имзо мешавад.
Ба иттилои вазири рушди иқтисод ва савдо, майдони сохтмони бинои парлумон ҳудуди 42 ҳазору 874 ва бинои маҷмааи ҳукумат 44 ҳазору 70 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |