Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:38

Таҳмина таронаи “Секинак”-и бобояшро бозхонӣ кард (ВИДЕО)

24 август 2017, 16:13

Таҳмина Ниёзова, овозхони ҷавони тоҷик, таронаи “Секинак”-и бобояш-Боймуҳаммад Ниёзовро бозхонӣ карда, клипи нав сабт намудааст.

Клипи нави Ниёзова ахиран дар шабакаи YouТube, таҳти унвони “Секинак” нашр шуда, мухлисони зиёд пайдо кардааст.

Тарона ва оҳанги “Секинак” қаблан аз суи Боймуҳаммад Ниёзов, бобои Таҳмина сароида шуда буд. Матни тарона аз Ҳофизи Шерозӣ ва оҳанги он моли Боймуҳаммад Ниёзов мебошад.

Ин нахустин таронаи Боймуҳаммад Ниёзов нест, ки наберааш бозхонӣ мекунад. Қаблан Таҳмина таронаи “Гуфт, ки ҳарду”-и бобояшро бозхонӣ карда буд, ки ҳаводорони зиёд пайдо кард.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тахминахон бисёр овози хуб дорад.Аз аввал то охир гуш кардам. Ягона камбуди он аст, ки калимаи секинакро пурра талаффуз намекунад ва ё овоз то охири намерасад. Зимни хонда "Сек" пурра шунида мешавад,вале "инак" -ро хеч нашунидам, ки нашунидам.
Посух додан
  • Равшан

  • 24 август 2017 16:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан. Бисёр хуб мехонад.

Шеърро хуб дарк мекунад. Дар сурудхони "Суз"-ро хуб эхсос мекунад.

Хангоми сухбаташ ахамият додам, забони точикиро хеле хуб медонад.

Овозат хаста нашавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хабаргузории Озодагони фач дигар хабар наёфт ба хабарҳои фачи пулаки пиар машғул шудейстад. Ягон хабари хонданибоб надорад. Ин хабаргузориро барҳам додан лозим аз зеро 3 соли ахир ягон чизи хуб надорад танҳо ба пиар машғукл аст.
Посух додан
  • Юсуфи

  • 25 август 2017 08:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Тахминахон! Дар хакикат Тахмина монанди бобояш булбули бехамтост
Посух додан
  • Донишманд

  • 25 август 2017 10:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости гап барои чунин сомонаи бонуфуз "Озодагон" барои маблағ шуда чунин маводҳои пучро нашр кардан айб аст. АЙБ...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин духтари бобои Боймухаммад дар хакикат шеъри бомазмуну пурмухтафо хонд аммо мн хамин секинаро нафахмидам
Посух додан
  • Тимсол

  • 25 август 2017 13:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тахминахонба рахмат
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй ин гп дуруг аст Харгиз ин шеьр аз хофизи шерози нест. Наход хофиз хамин гуиши узбеки кати гуфта бошад. Дар девонаш чунин газал умуман нест
Шояд аз шоиру хофизи машхури хучарди Содирхони Хтфиз бошад. Он устоди Б Ниезов буданд.
Илтимос ислох кунед
Ин матни фолклорию лахчави аз Хофизи бузургвор нет харгиз

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!