Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июн 2019, 22:30

Нахустин сафари табибони Узбакистон барои табодули таҷриба ба Тоҷикистон

25 август 2017, 08:38

Як ҳайати табибон аз Узбакистон барои табодули таҷриба дар самти мубориза алайҳи бемории сил ба Тоҷикистон омадаанд.

Сафари ин ҳайат, ки иборат аз табибони Маркази махсуси ҷумҳуриявии сил ва қафаси сина, Академияи тиббии шаҳри Тошканд ва намояндаҳои муассисаҳои дигари зиддисилӣ иборат аст, 22 августи соли ҷорӣ сурат гирифта, то 26 август идома хоҳад дошт.

Аз Барномаи USAID, ки бо ибтикори он ин давраи омӯзишӣ сурат мегирад, ба “Озодагон” гуфтанд, давраҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба дар Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ин барои аввалин бор аст, ки миёни мутахассисони соҳаи силшиносии Тоҷикистону Узбакистон табодули таҷриба сурат мегирад: “Мутахассисони Узбакистон бо усулҳои нави илми тиб шинос гардида, табодули иттилоот оид ба ҳамгироии омӯзишҳо дар соҳаи сил ва барномаҳои муассисаҳои тиббӣ доштанд. Ташрифи мутахассисон яке чорабиниҳое мебошад, ки дар самти табодули таҷриба, ки USAID дар доираи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил барои фаъолияти муштарак ва ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бар зидди бемории сил дар тамоми Осиёи Миёна ба роҳ мондааст”.

USAID қаблан аз роҳандозии як барномаи панҷсолаи мубориза алайҳи бемории сил дар Осиёи Марказӣ хабар дода буд. Ҳадафи ин барнома, “коҳиш додани сатҳи паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистон ва Узбекистон ва пешгирӣ намудани шаклҳои мухталифи он бо усули устувор ва бо истифода аз доруҳо” унвон мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!