Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 ноябр 2017, 21:41

Теъдоди муддаиёни курсии президентӣ аз 59 ба 46 расид

26 август 2017, 09:00

Соҳибкор Оқилбек Мансуров номзадии худро, ки ахиран аз тариқи худпешбарӣ ба мақоми президентии Қирғизистон дар интихоботи моҳи октябри ин кишвар пешниҳод карда буд, бозпас гирифт.

Ба иттилои Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Қирғизистон, теъдоди довталабони курсии президентӣ дар ин кишвар, аз 59 то ба 46 нафар коҳиш ёфтааст.

Се номзади дигар -- нафақахӯр Марат Имонқулов, соҳибкор Сайниддин Султониддинов ва раҳбари Анҷумани истеҳсолкунандагони ватанӣ Боқид Дегенбоев низ 24 август номзадии худро бозпас гирифтанд.

Ҷамъан 59 нафар номзадии худро ба мақоми президентии Қирғизистон пешниҳод карда буданд. Дертар КМИР Қирғизистон номи 5 нафари онҳоро бинобар риоя накардани қоидаҳои иштирок дар интихобот аз рӯйхат берун кард.

Интихоботи навбатии президентии Қирғизистон 15 октябри соли равон баргузор хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Махмасиид

  • 26 август 2017 13:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О ин чи бесаводи а? Дар як чо муддаиён, дар дигар чо номзад, дар сеюм чо довталаб. Хаст ми дар ин корхона ягон одами босавод?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!