Бахшҳо

Ҷовид Муқим қарори Вазорати маорифро хилофи қонуну Конститутсия хонд

Ҷовид Муқим, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони маъруфи Тоҷикистон бо овардани меъёрҳои қонунӣ, қарори Вазорати маорифро, ки иди Қурбонро дар кишвар рӯзи дарсӣ эълон кардааст, ба баҳс кашид.

Ҷовид Муқим бо нашри бандҳо аз санадҳои меъёрию ҳуқуқии Тоҷикистон суол гузоштааст, ки магар қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз қонунҳое, ки Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул карда, Президент имзо кардааст, болотар аст? Муаллиф бо овардани бандҳои мушаххаси қонун мухолифатҳои қарори Вазорати маорифро бо қонунҳои амалкунанда ва Конститутсия нишон додааст.
Ӯ зикр кардааст, ки бар асоси қарори Вазорати маориф «1 сентябри соли равон — Рўзи дониш дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеият, дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, 2 сентябри соли равон аз ҳисоби рӯзи 1 сентябр рўзи истироҳатӣ эълон карда шуд”.
Дар ҳоле ки «тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар кишварамон иди саиди Қурбон рӯзи ҷумъа, 1 сентябр таҷлил мегардад. Дар робита ба ин 1 сентябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон гардидааст. Рӯзҳои 2 ва 3 сентябр, яъне шанбе ва якшанбе тибқи тақвим дар кишварамон рӯзҳои маъмулии истироҳатиянд”.

Дар ин робита муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода низ ба хабаргузории давлатии «Ховар» гуфтааст, ки «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи ид ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, аз ҳисоби рӯзи корӣ рӯзи иловагӣ пешниҳод карда мешавад. Дар соли равон иди Қурбон ба рӯзи корӣ рост омад, аз ин рӯ дар ҷумҳуриамон 1 сентябр рӯзи истироҳатист».

Ҷовид Муқим бо зикри ин банду изҳорот илова намудааст, ки “воқеан ҳам, мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» «Иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад», таҷлил мегардад ва тибқи моддаи 3-юми қонуни мазкур Иди Қурбон рӯзи ғайрикорӣ мебошад. Пас қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мухолифат мекунад. Ҳамчунин қарори мазкур зидди моддаи 14 ва 37-уми Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаи 89-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон мебошад”.

Ба гуфтаи Ҷовид Муқим қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳуқуқи миллионҳо нафарро бевосита ва бавосита ба рӯзи ид маҳдуд мекунад, зеро дар рӯзи истироҳат - Иди Қурбон омӯзгорон ва муҳассилини макотиби таҳсилоти ибтидоиву миёна, миёнаи махсус, касбӣ, олӣ ва ғайра бояд ба дарс ҳозир шаванд: Тибқи моддаи 14-уми Конститутсияи Тоҷикистон «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Мувофиқи моддаи 89-уми Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, «Дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ корҳое иҷозат дода мешаванд, ки боздоштани онҳо бинобар шароити истеҳсолию техникӣ (ташкилотҳои муттасил коркунанда) ғайриимкон аст, корҳое, ки барои хизматрасонии аҳолӣ зарур мебошанд, инчунин корҳои таъхирнопазири таъмир, борфурорӣ ва боркунӣ…». «Тартиби гузаронидани рӯзи истироҳатро ба дигар рӯзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд».

Муаллиф хулоса кардааст, ки бармеояд, ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои дар рӯзи Иди Қурбон кор фармудани кормандони муассисаҳои зертобеашон ва ҷалби муҳассилин ба дарс асоси ҳуқуқие надошт.

Воқеан ҳам, кор дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ тибқи муқаррароти моддаи 154-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон ба ин тарз ҷуброн карда мешавад:
«1. Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррарӣ чунин пардохт карда мешавад:
- ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ - на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;
- ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ, инчунин ба онҳое, ки маоши вазифавӣ (мансабӣ) мегиранд - на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.
2. Мувофиқи созиш бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардааст, рўзи дигари истироҳат додан мумкин аст».
Бояд зикр кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Тибқи моддаи 16-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ набояд хилофи Конститутсия бошанд.
Ҳамчунин тибқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, қарори қабулкардаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нисбат ба Конститутсия, кодексу қонунҳо, қарорҳои парламент, фармонҳои президент ва ғайра эътибори камтар дорад ва набояд он амалӣ гардад:
«1. Санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тафовути намудҳои онҳо ва салоҳияти субъектони ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар карда мешавад.
2. Ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- қонунҳои конститутсионӣ;
- кодексҳо, қонунҳо;
- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармоишҳои вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
3. Тартиби ҷойгиршавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисми 2 моддаи мазкур қувваи ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд…».
Тибқи банди якуми моддаи 84-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ихтилофи байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногундараҷа тибқи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар моддаи 9-уми қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ҳал карда мешавад.

Бо зикри ин ҳама мухолифатҳо Ҷовид Муқим таъкид намудааст, ки мувофиқи банди 3-юми моддаи мазкур дар сурати ба меъёрҳои қонунҳо ихтилоф доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо меъёрҳои қонунҳо амал мекунанд: “Яъне, ба ҳеҷ гуна Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон наметавонад ҳуқуқи омӯзгорон ва муҳассилинро ба истироҳат дар Иди Қурбон маҳдуд бикунад. Бинобар ин Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро мебояд, ки тибқи моддаи 85 ва 86-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» амалӣ гардидани қарори ҳайати мушовираашро боз дорад ва ё ба он тағйиру иловаҳо ворид карда, онро ба Конститутсияи Тоҷикистон ва кодексу қонунҳои амалкунанда мувофиқ намояд”.
Мӯҳр
Хамроз
Бо ингуна карори мушоваарааш Вазорати М ва И кишвар масъалаеро ба миён гузошт, ки мо бояд конун кабул кунему тагирот ворид кунем балки мухимтар аз хама шуру аз вазир то шахрванди одди конунхоро бихонем бидонем бифахмем ки чи гуфта шудааст то карори авомона набарорем.

Вазорати маориф аз оне ки хукуки хазорон муалимону талабагонро помол кардан сатхи донишро баланд кунад хуб мешуд маоши муалмонро сари вакт медод бехтар мешуд чабр дар сари муалиму талабагон барои либоси ягона якбаробар аз нархи бозор баланд ки сифат надорад болои он намедонам боз аз талабагон пули авом гуфта сари хар як талаба мохушда як сомони мегиран хох як диск кадом намуд кинора меёран сари талаба як ё ду сомони мегиран лек мепурси кинора диди посух не вакте аз муалим савол мекуни мегуяд аз боло равон мекунан мо чи кор кунем?


Падаратон ба рахмат акаи Човид. Дар хакикат часур хастед. Табакаи омузгорон дар чомеаи мо аз хама табакаи тарсу буздил ва заифу нотавон аст. Агар вазир гуяд,ки хамат соати 11-и шаб мактаб ба хозир шавен инхо тайер. Ман низ омузгорам ва такя ба конун рузи 1сентябр ба дарс хозир намешавам ва агар лозим шавад Вазорати маориф ва илмро ба додгох мекашам.

Нозир
Ташаккури беандоза ба ҷаноби Ҷовид Муқим барои омода кардани маълумоти хеле хуб ва ба хабаргузории "Озодагон" ҷиҳати нашри он!

Бародарони гиромии сохибмансаб, бас кунед (хотима дихед), ба амалхое, ки ба обуруи миллату давлат ва сарвари азизу гиромии он зиён мерасонад. Забони бадхохону душманони миллату давлатро дароз насозеду миллати азизамонро мазлум нишон надихед! Пешниходи манзургардидаро оиди риояи санадхои меъёрии мукарраргардида ба инобат гиред.

Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи хоҳиши сершумори коллективхои мехнатӣ ва дархости Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ қарор мекунад:

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерини ид қонунӣ гардонида шаванд:

1 январ - Соли нави мелодӣ
23 феврал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 март - Рӯзи модар
21 - 24 март - Иди байналмилалии Наврӯз
1 май - Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон
9 май - Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар ҶБВ (1941-1945)
27 июн - Рӯзи ваҳдати миллӣ
9 сентябр - Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 октябр - Иди Меҳргон
6 ноябр - Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 ноябр - Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иди Рамазон-1 рӯз - ҳар сол (мутобиқи тақвим)
Иди Қурбон - 1 рӯз - ҳар сол (мутобиқи тақвим)

Дар рузи Иди рамазон хамин корро карда буданд. Вакте ба кор мерафтем, занг зада гуфтанд кор наоед чавоб. Бо хамон нагма. Ин вазорати маориф масъалахояшро бо хукумат мувофика намекарда бошад? Дуруст мегуяд Човид Муким ин худаш чи гап?! Ягон кас назорат мекарда бошад хамин вазорати маорифа?

Вазорати маориф қонунҳои ҷории мамлакатро зери по кардааст. Агар Ҳукумати ҶТ ин қарори Вазоратро базудӣ лағв (бекор) накунад, ин аз он далолат медиҳад, ки қонунҳои Тоҷикистон ҳатто дар назди идораву вазоратҳои худӣ қадру эътибор надорад.

Мухочир
Салом ин чи гапай дар тамоми давлаихои мусалмони 1-уми сентиябр рузи истирохат аст Дар мо рузи дарси вазири маориф конуни асосиро маскара кардагихай айбай ба Худо касам

мехмон
Вазорати маориф на ин ки конуни Точикистонро балки конуни инсонию мусалмониро вайрон карда истодааст!!

Нозир
Нозир,

Хабаргузории "Озодагон",
Боз сар кардед ҳамон НАҒМАҲОЯТОНРО?! О, матни асосии навиштаи ман канӣ?!
Танҳо ҷумлаи аввали онро ҷойгир кардеду халос!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)