Бонки Миллӣ пулҳои нав бо ороишу ҳимояти беҳтарро ба муомилот мебарорад
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки аз 31-уми августи соли равон пулҳои коғазии намунаи соли 2017 ба муомилот бароварда мешаванд.
Бонки миллӣ ҳадаф аз нашри пулҳои навро “баланд бардоштани дараҷаи ҳифозатии пули миллӣ аз тақаллубкорӣ, беҳтар кардани ороиши пули коғазии арзиши номиналии 100 сомонӣ, инчунин такмили унсурҳои тавассути мошинҳо хондашавандаи сатҳи дуюм ва ҷорӣ кардани унсури ҳимоявии сатҳи сеюм дар пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ” арзёбӣ кардааст.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонии намунаи соли 2017 дар қатори пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ, намунаи соли 1999, ки айни замон дар муомилот мебошанд, баробар гардиш менамоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |