Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 июл 2018, 02:42

Президент бо генералҳо таъсиси низоми нави амниятиро баррасӣ кард (АКС)

28 август 2017, 16:27

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми август дар мулоқот бо фармондеҳони артиши Чин, Покистон ва Афғонистон таъсиси низоми нави ҳамкориҳо барои таъмини амнияти Афғонистон ва минтақаро баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Муҳаммад Шариф Яфталӣ, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон пайваста хостори тақвияти ҳамкориҳои худ бо Афғонистон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошад.

Манбаъ афзуд, таъсис додани низоми ҳамкории чорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин ташаббус омили муҳимми таҳкими раванди сулҳу субот дар Афғонистон мегардад: “Доир ба таҳкими ҳамкориҳои ҳарбиву техникии дуҷониба ва ҳамкориҳо дар дигар самтҳои амниятӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардида, иқдомҳои муштарак дар таҳкими ҳифзи сарҳадот, муборизаи беамон алайҳи шабакаҳои террористии байналмилалӣ, амалҳои ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мувофиқи мақсад шуморида шуд”.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Ченро ба ҳузур пазируфта, дурнамои ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Чин, ки меҳвари муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд мавриди баррасӣ қарор додааст: “Муҳимияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ таъкид гардида, тақвияти ин ҳамдастӣ ба манфиати тамоми давлатҳои минтақа арзёбӣ шуд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар ин мулоқот ҳар ду ҷониб барои тақвияти ҳамгироӣ ва мусоидати фаъол дар ҳалли қазияи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошта, омодагию ҳавасмандии худро барои таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки аҳамияти рӯзмарра дорад, таъкид намуданд.


Президент бо генералҳо таъсиси низоми нави амниятиро баррасӣ кард (АКС)

Президент бо генералҳо таъсиси низоми нави амниятиро баррасӣ кард (АКС)

Президент бо генералҳо таъсиси низоми нави амниятиро баррасӣ кард (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!