Бахшҳо
28 авг 2017 17:07Тоҷикистон / Акс

Ёдбуди бузургон: Усмонов гуфт, пул ҷамъ орему хостаи А.Сатторро иҷро кунем (АКС)

Рӯзноманигорони тоҷик имрӯз, 28-уми август дар Душанбе аз Акбари Саттор, раиси пешини Иттифоқи журналистон ва рӯзноманигорони дигари тоҷик, ки давоми ду соли ахир даргузаштанд, ёд карданд.

Дар маҳфили ёдбуд, ки бо ибтикори нашрияи “СССР” дар бинои “Шарқи Озод” баргузор шуд, хотири Акбари Саттор, Раҳими Ашроф, Шарифи Мисайзод, Бахтиёр Сафаров, Аброри Зоҳир, Асадулло Саъдуллоев Темур Султон, Убайдуллоҳи Ширин, Галина Зутсева, Толиби Сангин, Муҳаммадҷон Мирзошоев, Маъруфи Бобораҷаб, Кароматуллоҳи Аҳмад пос дошта шуд.

Профессор Иброҳим Усмонов дар маҳфил пешниҳод намуд, ки Китоби журналистони Тоҷикистонро, ки Акбаралӣ Саттор мехост, руи чоп орад, бояд омода ва нашр кард.

Иброҳим Усмонов гуфт, Энсиклопедияи журналистони Тоҷикистон, монанди китоби адибони Тоҷикистон мешавад, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дорад: “Агар ҳар кадомамон чандсумӣ пул ҷудо кунем ва тавонем то соли оянда ин энсиклопедияро нашр кунем, дар болояш менависем, ки ташаббуси ин китоб аз ҷониби Акбаралӣ Саттор аст”.

Усмонов афзуд, ҳамаи журналистонро мо наметавонем дар як чунин маҳфил ёд кунем бинобар ин як энсиклопедия бояд ташкил кард ва ҳама журналистонро ҷой додд: “Ҳам ҳар журналисти оянда медонад, ки дар як китоб ақаллан номаш мондааст ва хотирае аз вай ҳаст”.

Усмонов дар идома аз мардонагӣ ва хайрхоҳии Акбари Саттор барои журналистика ва журналистони солҳои 90-ум ва баъд аз он ёдовар шуда, гуфт, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар соли 1989 чанд бино ва 2 мошин дошт: “Аммо Акбаралӣ замоне роҳбари ин ташкилот шуд, ки ҳеч ҷиз надошт. Акбаралӣ дар замони худ бо пули худ коргар гирифтанд, маош доданд, сохтанд онро эҳё карданд ва дар муҳити расмӣ барои эътибори нав пайдо карданаш нақш гузоштанд, ки мутаассифона аз он кас пеш будаҳо инро анҷом дода натавонистанд”.

Лидия Исамова, журналисти тоҷик дар навбати худ гуфт, бо гузашти ду сол барояш мушкил аст, ки дар бораи Акабарӣ Саттор ҳарф занад: “Ӯ намунаи олии журналист, менеҷер, рафиқ ва дӯст аст, ки ҳамеша барои кӯмак омода буд”.

Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 28 август аз олам даргузашт.

Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон-“Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджест пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун" буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.

Мӯҳр
Хуршед
Зинда бошед! Ман ҳам қаламкашам, бояд мо худамон ҳамдигарро қадр намоем. Ба дигарон даркор нестем.

саваш
шумо дигар кор надорен журналистони мухтарам дар дуне чи гапхост шумо чи.

Хой мухтарам Усмонов холо асри 21 Шумо кай ин "пулчамъкуниро" бас мекунед. Ман бисер фирк мекардам, ки ин сухан аз кучо сар зада бошад, акнун фахмидам ки ихтирои олимон ва зиёиёни точик будааст

Идеяи Академияи журналисти хам аз Акбар буд. Айни замон рохбараш касе хаст, намедонам, вале ягона одами сазовор ба рохбари ва таълими журналистон дар Точикистон ба андешаи камина Рачаб Мирзо аст. Дигар точик журналист хам надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)