Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 июл 2018, 02:42

Бепулӣ Хусравов ва Боқиевро аз қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум кард

29 август 2017, 10:47

Хушқадам Хусравов ва Сӯҳроб Боқиев, ду паҳлавони шинохтаи тоҷик аз ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки аз 28 август то 3 сентябр дар пойтахти Маҷористон, шаҳри Будапешт баргузор мегардад, маҳрум гаштанд.

Хушқадам Хусравов рӯзи 28 август дар суҳбат ба “Озодагон” далели маҳрум гаштанашро аз иштирок дар ин мусобиқа набудани маблағ арзёбӣ кард. Номбурда гуфт, муддати се моҳи тобистон барои ширкат дар ин чемпионат омодагӣ медид: “Пул наёфтем, маблағ набуд, ки равем, мо се моҳи тобистон хоб нарафта, саҳару бегоҳ омодагӣ медидем, рӯзи рафтан пул нест, худатон маблағ ёбед, равед гуфтанд. Аз куҷо меёбем худамон? Дар Душанбе омодагӣ дидем, лекин мо бояд пеш аз Чемпионати ҷаҳон дар берун аз кишвар омодагӣ медидем, лекин аз сабаби он, ки маблағ нест берун аз кишвар омодагӣ дида натавонистем”.

Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз додани иттилоъ дар мавриди далели ширкат накардани Хушқадам Хусравов дар Чемпионати ҷаҳонии шаҳри Будапешт худдорӣ намуд. Лоиқов дар робита ба иштироки паҳлавони дигар Сӯҳроб Боқиев дар мусобиқаи мазкур гуфт, “Боқиев аз нигоҳи замонӣ каме натавонист, ки дар вақташ корҳоро анҷом диҳад. Ӯ шаш моҳ шуд машқ мекард дар Маскав, дар сафоратхона дар Маскав визаро гирифт, лекин мусобиқаро дарёб намекард, сабабаш ҳамин аст”.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз огоҳони умур мегуянд, ки сабаби аслии дер кардани Суҳроб Боқиев ҳам дар дер пайдо кардани маблағ будааст. “Озодагон” худи Боқиевро пайдо карда натавонист, зеро ба иттилои Федератсияи ҷудо ӯ айни замон дар Маскав қарор дорад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар ин мусобиқа иштироки тақрибан 800 варзишгар (484 мард ва 312 зан) аз 136 кишвари дунё дар назар аст. Ба иттилои ин ниҳод, мусобиқа ҳафт рӯз идома ёфта, варзишгарон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза хоҳанд бурд.

Ба истиснои Хушқадам Хусравов дар вазни 66 кило ва Сӯҳроб Боқиев дар вазни 60 кило, 6 варзишгари дигари тоҷик- Саидмухтор Расулов (дар вазни 73 кило), БеҳрӯзиХоҷазода (дар вазни 73 кило), Садр Боев (дар вазни 81 кило), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни 90 кило), Саидҷалол Саидов (дар вазни 100 кило) ва Шакармамад Мирмамадов ( дар вазни 100 кило) дар ҳайти дастаи Тоҷикистон барои қаҳрамонии ҷаҳон сабқат хоҳанд кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои ба ном паҳлавон Саидҷалол Саидов, ки дар тамоми мусобикаҳои байналмилал дар даври аввал мағлуб мешавад, доимо маблағ пайдо мешаваду, барои паҳлавононе ки имрузу ояднаи Тоҷикистонанд - не.
Посух додан
  • Paymon

  • 29 август 2017 14:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
VOy ba holi davlate,ki baroi du varzishkorash pul nameyobad!
Посух додан
  • Jabor

  • 29 август 2017 18:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Варзишгарон ва мухлисони сохаи варзиш!
Вокеан имруз ХЧТ барои сафарбар намудан ба мусобикахои берун аз кишвари тамоми варзишграоне, ки дар ЧТ машку тамир менамоянд надорад.
Аммо кабл аз оне ки чизе менасии бояд хамачониба андеша намуд. Аммо бархе аз шахсоне, ки мохояти варзишро намефахманд ба мисли куре ки дунёро нодида тасвир мекунад Садояшон аз ошёнахои баланд мебарояд. Абдуллои пахлавон,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар ин бори аввал аст, ки варзишгарони тоҷикро маҷбур мекунанд, ки барои сафарҳо ба хориҷ худашон маблағ ҷӯянд? Пас Кумитаи варзиш барои кӣ ва чӣ даркор аст? Фақат барои беҳуда маошгирии чиновникҳо?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба варзишгарони точик музафарият хохонам.
Бас кунен сафсаталогиятона.
Посух додан
  • Кухистони

  • 30 август 2017 11:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Географияяш рост мегирифт маблаг ёфт мешуд албатта...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мусобикаи чудо чи медихад,равед Хучанд раиси вилоят мусобикаи ошхурон барпо кардааст. Киргизу узбаку казок дар мусобикахои чахони баромад кувваозмои карда истодаанд дар Мо ош хури

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!