Бахшҳо
29 авг 2017 12:14Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

28 август: 12 куштаю 5 маҷруҳ дар роҳҳои Тоҷикистон

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон 28-уми август се садамаи маргбор ба қайд гирифтаанд, ки 12 кушта ва 5 маҷруҳ барҷой гузоштаанд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ баробари садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Роштқалъа, ки 10 кушта барҷой гузошт, 28-уми август садамаи дигари маргбор дар Норак рух додааст: “Тахминан соати 12:15, Шодихон Шарифов, ронандаи 43-солаи автомашинаи тамғаи “Донгфенг”, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба Данғара, дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба кӯҳпораҳои роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофираш шаҳрванди Чин, Ван Чун Чен соли таваллудаш 1964, сокини шаҳраки Хубей, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд. Ронанда Шарифов дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.

ВКД афзуд, ки садамаи дигари марбор соати 13:15-дақиқа дар шаҳри Душанбе рух дод: “Ронандаи “Нива”, Розиқов Исмоил, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Нодира ба тарафи кӯчаи Амиршоев, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сафарова Идимоҳ, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)