Бахшҳо

АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад

Иршод СУЛАЙМОНӢ, Ҷидда, Арабистони Саудӣ

Ҳамасола қабл аз маросими Ҳаҷҷ дар Арабистони Саудӣ пардаи болои Каъба иваз мешавад. Ҷараёни дӯхтану тиллодӯзии он 8 моҳро дар бар мегирад.

Танҳо барои такмил ва пардози қисмати хаттотишудаи тиллои оёти Қуръони карим дар ин парда 60 рӯз лозим аст. Дар маҷмӯъ барои ин парда, ки 15 метр паҳноӣ ва 12 метр тӯл дорад, ҳар сол 6 миллион доллар масраф мешавад.

Матои парда аз Итолиё оварда шуда, онро дар Арабистон ранги сиёҳ мезананд. Дар Макка коргоҳи махсуси таҳияи пардаи рӯи Каъба мавҷуд аст. Мо аз ин коргоҳ дидан кардем. Онҷо садҳо нафар кор мекунанд.

Танҳо қисмати тиллодӯзишудаи пардаро даҳҳо дӯзандаи арабистонӣ давоми 60 рӯз дастдӯзӣ мекунанд. Ин парда, ки дар арабӣ - "کسوهالکعبه" номида мешавад тиккаи бофташуда аз абрешим ва филизе аст, ки бо оёти Қуръони карим бо оби тилло тазъин шудааст. Ин парда, ҳарсол аз сари нав дӯхта шуда ва қабл аз оғози маросими Ҳаҷҷ бо он Каъбаро мепӯшонанд.

Ин парда то соли 1962 дар Миср дӯхта мешуд. Солҳои пеш, дар қарнҳои гузашта ранги пардаи Каъба сурх, сабз ва ё сафед буд, аммо акнун ҳамеша сиёҳранг бо хаттотии тиллоидӯзишуда зиннат дода мешавад.

Муҳаммад ибни Абдуллоҳ,
мудири масъули коргоҳи дузандагӣ дар суҳбат ба мо гуфт, маводи пардаи Каъба, ҳама аз хориҷи Арабистони Саудӣ ворид мешавад: “Маводи хом -- абрешим аз Италиё ва риштаҳои тилоиву нуқраӣ аз Олмон ворид мешавад. Барои сохтани ҳар порча 120 кг тилло, 100 кг нуқра ва 670 кг абрешим зарур аст”.

Муҳаммад ибни Абдуллоҳ мегӯяд, дар назар аст тамоми кормандони коргоҳ, ки тамоми умр инҷо кор кардаанд, бознишаста шаванд ва як насли ҷавони омӯзишдида сари кор биёяд.

Малик Салмон, подшоҳи Арабистон мошинҳои бофандаи ҷадидеро фармоиш дода ва интизор меравад соли оянда ба кор оғоз кунад. Мошинҳои феълӣ тақрибан 30 соли пеш насб шудаанд.

Дар поёни маросими Ҳаҷҷ, пардаи Каъба ба порчаҳо тикка шуда ва ба созмонҳои мазҳабӣ ва шахсиятҳои бузург тавзеъ мегардад.

Ҳарчанд кори дӯхт ва зиннатбахшии пардаи Каъба тамом шудааст, аммо коргарон аз ҳоло кори рӯйпӯши дигари Каъбаро оғоз кардаанд.

АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад

АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад

АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад

АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад

АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад

АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад

АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад

АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад
Мӯҳр
Саудиҳо ҳам мо барин ҳама чизро аз хориҷ меовардаанд, гӯед? Маълум аст, охир. Решаҳои беҳунарии мо аз ҳамонҷост.

саид
ба Юсуф чаро бе ҳунарии худро аз дигарон мебини 70 сол дар итоати русҳо буди на арабҳо

Метеорит
Иршод точикия а узбако ёд гир то пардаи тиллодўзии Каъба гуфтана "узбаки" карда Каъбапўш бигую мон узбако Каъбапўш мегуянд.

гуреза
Дар ин мардум танзим гуфтанӣ гап нест, магар. Чаро аз мо намеомузанд?

Дороюши Бузург
Даромади хаминсолаи Арабистони Сауди аз хисоби хач 800 миллион долларро ташкил мекунад ва дар пеши ин даромади муфт 6 миллион сарфи омодасозии пардаи болои Каъба ночиз аст. Хамон 6 миллиона ба камбагалону бечорагон медоданд бехтар набуд. Оё дар давраи хазрати Мухаммад болои Каъба бо чунин парда пушонида шуда буд. Хамаи ин аз пулмасти аст.

"тиллодӯзи" на, "зардӯзи"

саид,
Ҳафтод сол 1400 сол нест.

Дороюши Бузург,
Рост мегӯед. Боре дар интернет хонда будам. Як шаҳзодаи саудӣ барои истироҳат ба Урупо бо тамоми хизматгору муҳофизонаш, тахминан 100 нафар, рафта, як соҳили баҳрро бо тамоми комплекси меҳмонхонаҳояш ба иҷора гирифта будаанд. Дар як муддати кӯтоҳ сарфу харҷи онҳо ба 200 миллион доллар расида будааст. Ин дусад миллион доллар мумкин буҷаи яксолаи Сомали бошад. Онҷо мардум аз гуруснагӣ мурда истодаанд.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Хар айбе ки хаст дар мусалмони мост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)