Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 19:13

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, хатмкардаҳои Академияи ВКД бояд донандагони хуби забонҳои хориҷӣ бошанд

30 август 2017, 09:34

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 30 август дар расми ифтитощи бинои нави Академияи Вазорати умури дохилии кишвар иштирок ва устодону донишҷӯён, кормандони соҳаи маорфу сокинони кишварро ба Рӯзи дониш табрик кардааст.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, бинои маъмуриву таълимии Академия аз се қисмат ва ҳашт ошёна иборат мебошад: “Бояд таъкид намуд, ки ҳадаф аз бунёду таҷдиди заминаҳои моддиву техникии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи донишҷӯён, омода кардани мутахассисони баландихтисос ва ватандӯсту худшинос барои мақомоти корҳои дохилӣ ва такмилу тақвияти донишу малакаи касбии кормандон ба ҳисоб меравад”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, давоми солҳои 2000-2016 Академияи милитсияи ВКД-ро беш аз 8 ҳазор нафар хатм намудаанд. Раисҷумҳури кишвар иброз доштааст, имрӯз дар Академия 2200 нафар, бо шумули 156 духтар таҳсил мекунанд: “Хотирнишон бояд кард, ки бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои тахассусӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар робита ба ин, ба масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ додан зарур аст”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, хатмкардагони Академия бояд на танҳо ҳуқуқшиносони баландихтисос, балки донандагони хуби забонҳои хориҷӣ низ бошанд. Ба таъкиди Президент, вазифаи устодони Академия аз он иборат аст, ки шогирдони худро дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд ва дар навбати аввал худашон намунаи ибрат бошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гариб

  • 31 август 2017 00:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам президент. Донистани забонхои хоричиро барои вазиру сафирхоятон хатми кунетон.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!