Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 июл 2018, 02:41

Президент хостори ворид кардани дарсҳои нав ба барномаи таълимӣ шуд

30 август 2017, 10:06

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостори ворид намудани дарсҳои нав ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 30 август зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД гуфтааст, “Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ карда, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми таълими фанни технология азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, дӯзандагӣ, колинбофӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ, махсусан, ҳунари пухтани таомҳои миллӣ ва дигар нозукиҳои рӯзғордориро ба роҳ монда, ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии ин фан иловаҳо ворид намояд”.

Ба таъкиди ҷаноби Раҳмон, ҳар шаш моҳ миёни хонандаҳо озмунҳои чевари беҳтарин, кадбонуи моҳир ва монанди инҳоро гузаронида, доир ба дастгириву ҳавасмандгардонии моддиву маънавии ғолибон чораҷӯӣ шавад: “Баргузор кардани чунин чорабиниҳо завқи хонандагонро ба касбу ҳунаромӯзӣ бештар карда, дар оянда ба рушди сайёҳӣ таъсир мерасонад ва боиси зиёд шудани маҳсулоти ватанӣ барои сайёҳону меҳмонон мегардад”.

Раисҷумҳур дар идома иброз доштааст, ки аз рӯйи таҳлили нишондиҳандаҳои Маркази миллии тестӣ соли чорум аст, ки дар кластери якум, яъне ихтисосҳои табииву техникӣ нақшаи қабул иҷро нашуда, ҳавасмандӣ ба чунин ихтисосҳои муҳим кам ба назар мерасад: “Аз ин рӯ, мо бояд дар мактабҳои миёна сифати таълими фанҳои дақиқро баланд бардорем ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба ин фанҳо бештар ҷалб созем”.

Президент қайд намудааст, ки Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқу риёзӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро мунтазам ба роҳ монда, натиҷаи онҳоро ҳар шаш моҳ ҷамъбаст намоянд ва ғолибонро қадрдонӣ кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нашавад, ки ин пешниҳод ба муаллимон дастак шаваду онҳо ҳар моҳ ба духтарон фармон диҳанд, ки "ҳар хел таом пухта биоед, озмун эълон мекунем". Русҳо матале доранд "Дурной пример - заразителен." Яъне таҷрибаи бад зуд сироят мекунад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!