Бахшҳо
30 авг 2017 10:22Тоҷикистон / Иқтисодӣ

РБК: Намоиши байналмилалии коғазҳои қиматноки Тоҷикистон 31 август шурӯъ мешавад

Тоҷикистон нахустин нишастҳояш бо сармоягузорони Аврупо ва Амрикоро барои ба муомилоти байналмилалӣ баровардани коғазҳои қиматнок панҷшанбеи 31 август оғоз хоҳад кард. Дар ин бора пойгоҳи хабарии РБК хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, намоиши коғазҳои қиматнок то 6 сентябр дар Сюрих, Лондон, Бостон ва Ню-Йорк баргузор мешавад. Масъули баргузории ин нишастҳо ширкатҳои Citi ва Raiffeisen Bank International гуфта мешаванд.

РБК мегӯяд, Тоҷикистон дар марҳалаи аввал дар ҳаҷми 500 миллион доллар коғазҳои қиматнокро ба муҳлати 10 сол ба фурӯш мегузорад. Фурӯши коғазҳои қиматнок дар бозори байналмилалӣ нахустин таҷрибаи Тоҷикистон буда, Маҷлиси намояндагони кишвар лоиҳаи қарори ҳукуматро дар ин бора 21 июн ба тасвиб расонда буд. Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ҳадаф ва моҳияти қарори мазкур ҷалби маблағҳо барои сохтмони иншооти стратегии кишвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ дар марҳилаи аввал пешниҳоди коғазҳои қиматнок ба маблағи 500 миллион доллар ва дар маҷмӯъ 1 миллиард доллари амрикоӣ дар назар аст.

Шариф Раҳимзода, вакили парлумони Тоҷикистон ҳадафи пешниҳоди коғазҳои қиматнокро ба бозори байналмилалӣ ҷалби маблағҳо ба сохтмони “Роғун” унвон карда буд. Ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ки оё ин иқдом ягон “риск” дорад, Раҳимзода гуфт, бале ва “риск” дар афзоиши қарзҳои Тоҷикистон мебошад. Дар мавриди ҷанбаи мусбати иқдоми мазкур Раҳимзода гуфт, бо ҷалби маблағҳо истеҳсоли нерӯ зиёд мешавад ва имкони содироти он фароҳам мегардад.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди беш аз 300 метрӣ дар назар аст, ки калонтарин НБО дар минтақа шавад. 1 июли соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Салини Импреҷило С.п.А.” (Salini Impregilo SpA)-и Итолиё барои бунёди ин нерӯгоҳ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Маблағи умумии созишнома 3,9 миллиард доллар гуфта мешавад. Масъулини ширкат баъди имзои созишнома гуфтанд, аввалин чархаҳои нерӯгоҳ соли 2018 ба кор медароянд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)