Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:40

Вокуниши вазорат ба Ҷовид Муқим: Қарори мушовара мутобиқ ба қонунҳои амалкунанда аст!

30 август 2017, 14:57

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба як навиштаи Ҷовид Муқим, журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш кардааст. Ҷаноби Муқим ахиран дар як матлаб бо овардани меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, қарори муовараи Вазорати маориф ва илмро, ки Иди Қурбон (1 сентябр)-ро рӯзи дарсӣ эълон кардааст, ба баҳс кашид.

ПОСУХИ КОМИЛИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ТОҶИКИСТОН

“Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоб ба ваҷҳҳои дар мақолаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷовид Муқим “Оё вазорат ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол намекунад?!” чунин иброз медорад. Аввалан, мутобиқи моддаи 24-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 18-уми майи соли 2017 Вазорати маориф ва илм чун ниҳоди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи қабули ин ё он қарорро дорад. Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Рӯзи дониш” 1-уми сентябри соли 2017 бо мақсади иҷрои талаботи санадҳои мазкур қабул карда шудааст. Инҷо масъалаи низоми тобеияти қонунҳо, ки ба андешаи Ҷовид Муқим вайрон карда шудааст, ғалат аст, зеро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми ваколатдори соҳа мутобиқ ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо қарори мазкурро қабул кардааст.

Дуюм, номбурда иброз медорад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 14.11.2016 ва ҳамчунин, тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 1 сентябр рӯзи Иди Қурбон таҷлил мегардад ва гӯё рӯзҳои 2-юм ва 3-юми сентябр тибқи тақвим рӯзҳои маъмулии истироҳатианд. Дар идомаи суханҳояш бо мақсади мустаҳкам кардани мавқеаш моддаҳои 2 ва 3-и қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро мисол овардааст. Чунин тарзи баёни фикр аз ҷониби Ҷовид Муқим на ифодакунандаи шуури касбии ҳуқуқӣ, ки кори дасти ниҳодҳои хоса ва ҳуқуқшиносонанд, балки инъикоскунандаи шуури муқаррарии ҳуқуқ аст. Тибқи қоидаҳои маъмулии техникаи қонунгузорӣ мафҳуми “бартарии меъёрҳои моддаи қонун” мавҷуд аст, ки маҳз зимни омода намудани лоиҳаи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм он ба асос гирифта шудааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳам “Рӯзи дониш” ва ҳам рӯзи Иди Қурбон қайд карда мешаванд, аммо таҷлили “Рӯзи дониш” дар банди 51-уми қонун ва таҷлили Иди Қурбон дар банди охирон, яъне банди 86-уми қонун зикр гардидааст. Аз ин рӯ, тибқи қоидаи дар боло зикргардида бартарӣ ба банди 51-уми қонун дода мешавад.

Дар баробари ин, таҷлили “Рӯзи дониш”-ро қонун дақиқан муайян кардааст, ки 1-уми сентябр ҷашн гирифта шавад, аммо қонун муайян накардааст, ки Иди Қурбон 1-уми сентябр, дар “Рӯзи дониш” таҷлил карда шавад. Такроран ба таваҷҷуҳи “профессор” мерасонем, ки Иди Қурбонро мақомоти ваколатдор – Шурои уламо муайян кардааст, на қонун. Ҳол он ки Шурои уламо бар асари мақоми ваколатдор буданаш метавонист санаи таҷлили Иди Қурбонро ба таври дигар муайян кунад. “Профессор”-и муҳтарам, ҳам акнун бигӯед, ки мақоми кадоме болотар аст: қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ва ё тасмими Шурои уламо?

Аз ҷониби дигар, воқеан моддаи 3-юми қонуни мазкур рӯзи иди Қурбонро чун рӯзҳои иди ғайрикорӣ муқаррар намудааст. Дар ин хусус дар банди якуми қарори мушовара омадааст, ки рӯзи 2-юми сентябр аз ҳисоби рӯзи 1-уми сентябр рӯзи истироҳат эълон карда, ҷуброни он низ дар назар аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои он муттасил амал мекунанд, зеро ба роҳ мондани ҷараёни таълим раванди муттасил буда, тағйир додани он ба зиммаи мақоми ваколатдори соҳа гузошта шудааст. Ангезаи қонунии ин муқарраротро моддаи 83, 105-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам мекунад, ки дар он чунин гуфта шудааст: “Барои дар рӯзҳои ид (қисми дуюми моддаи 83 Кодекси меҳнат) ва дар рӯзҳои истироҳат (моддаи 81) кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда на камтар аз андозаи дукарата пардохта мешавад. Дар ин маврид, ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти корӣ кор карда, маош мегиранд, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рeзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иxро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на кам аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рeзбайъ илова ба моҳона пардохта мешавад”.

Сеюм, ба андешаи “профессор” қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм ба моддаҳои 14–уми Конститутсия ва моддаи 9-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мухолифат дорад, ки ин андеша низ ба ҳақиқат рост нест. Мафҳуми мухолифат дар қонунгузорӣ бархурди амиқи меъёрҳои қонун бо якдигарро ифода мекунад. Муҳтарам “профессор”, тафсири моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин нуқтаҳои асосӣ нигаронида шудааст. Ҳифз ва амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар моддаи 14-уми Конститутсия оварда шудааст, кафолати амалӣ шудани онҳоро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мақомоти давлатӣ қабул мекунанд, пайдо намуда, тартиби иҷрои онро низ муайян мекунад. Ин аст, ки иҷрои ҳуқуқи инсон ба меҳнат, таҳсил, истироҳат дар Кодекси меҳнат, қонунҳо дар бораи маориф, тандурустӣ ва ғайраҳо дарҷ гардидааст. Моддаи 9-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 18 майи соли 2017, №397 низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муқаррар мекунад, ки чунин ҳолатро на мухолифат, балки мутобиқат арзёбӣ кардан мумкин аст. Қисми 2 банди 10-уми моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 18 майи соли 2017, №397 ба вазорату кумитаҳо ва дигар мақомотҳои назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи қабули қарор ва фармоишро додааст. Дар ин ҳолат принсипи тобеияти санадҳо нисбат ба якдигар низ пурра риоя гардидааст.

Хуллас, меъёрҳое, ки ҷаноби “профессор” ба он ишора мекунад, ки гӯё ба онҳо қарори мушовараи вазорат мухолифат дошта бошад, асоси воқеӣ надорад, зеро Конститутсия мушаххас чор ҳолати маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд - бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон, бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бо мақсади ҳимояи сохти конститутсионӣ ва ҳамчунин бо мақсади ҳимояи тамомияти арзии ҷумҳурӣ дар дигар ҳолатҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инкишофи худро дар қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меёбанд.

Чорум, тартиби тафсири моддаҳои 84, 85 ва 86-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”-ро “профессори” муҳтарам аз рӯи диди худ таҳлил намудааст, ки он дақиқияти ҳуқуқиро талаб мекунад. Якум, агар ҷаноби “профессор” қисми якуми моддаи 84-уми қонуни мазкурро дар назар дошта бошад, пас Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори мушовараро тибқи банди дахлдори моддаи 9–ум тасдиқ намудааст. Дигар бандҳои моддаи мазкур ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм умуман дахл надоранд, чунки мавзӯи танзими қарор мутобиқ ба қонунҳои соҳаи маориф ба тасвиб расидааст. Предмети тафсири моддаи 85-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, муҳтарам “профессор”, санадаҳои меъёрии ҳуқуқианд, на санадаҳои меъёрии зерқонунӣ. Аз ҷониби дигар, дар моддаи мазкур сухан дар бораи бартараф намудани мухолифатҳо байни қонунҳо меравад, на санадҳои зерқонунӣ.

Тавсеаи “профессор” дар хусуси моддаи 85-и қонуни мазкур - бартараф намудани ихтилофот байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавсеаи касбӣ нест, чунки бори дигар хотирнишон месозем, ки ҳеҷ гуна мухолифати ҳуқуқӣ ва меъёрӣ ҷой надорад. Гузашта аз ин, қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади тафсирӣ низ арзёбӣ карда мешавад. Бандҳои он пурра, ҳаматарафа ва тибқи Конститутсия ва қонунҳои соҳаи маориф ба тасвиб расонида шудаанд.

Иловатан ба тафсирҳои ҳуқуқӣ, ки дар боло зикр кардем, мехостем аз нигоҳи дини мубини ислом низ ба “профессор”-и муҳтарам як нуқтаро хотирасон намоем. Чунонки ҳамагон медонанд, калимаи нахустини раббонӣ ё ин, ки ваҳйи илоҳӣ, ки ба пайёмбари ислом нозил гардид, “Иқраъ!” буд. Яъне, “Бихон!”, на “Ид кун!”, “Ибодат кун!”, “Ҳаҷ кун!” ва ё амсоли он. Ба ибораи дигар, бо ишораи “Бихон!” бандагонашро ба илм омӯхтан даъват кардааст. Пас, Вазорати маориф ва илм магар хато кардааст, ки ҳазорон насли наврасро, хусусан онҳоеро, ки бори аввал қадам ба мактаб мениҳанд, ба хондан, дониш андӯхтан, таълим гирифтан даъват кардааст? Аз ин рӯ, муҳтарам “профессор”, тасмими Вазорати маориф ва илм, ки хонандагону донишҷӯёнро дар рӯзи ид ба хондан сафарбар кардааст, ба руҳияи илмпарваронаи дини ислом низ мутобиқати комил дорад.

Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бигзор Прокуратураи генерали назорати прокурори гузаронида, хулосаи худро пешниход намояд. дигар ягон чойи бахс намемонад. Хандаовар вакте аз як тараф филолог ва тарафи дигар педогог атрофи конвни ва гайриконуни будани санад бахс менамоянд.
Посух додан
  • Сафар

  • 30 август 2017 15:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
охир Шурои уламо ранги Шумо философ аст аз кучо медонад, ки Рузи якум аст ид ё дуюм. Чи шумо карор мекардаеду кабул будаст шурои уламо кабул набудааст? Магар шурои уламо низ як ниходи давлати нест? Шумо хукуки 3-4 миллион шахрвандони талабаву омузгороно поймол кардаед. У чи хел Сарконун аст, ки Президент бо он касам ёд мекунаду, таъмини хукуки шахрвандонашро ба ухда мегирад як вазир кати котибахошу муовинонаш онро инкор карда аз худашон кабул мекунанд. Машировкара ихтиёри гуфтен бачахои наомадара алакай аз донишгохо танбеху огохи доданд... акалан мемонден хами руз аз машировка озод мешуданд ид мекарданд. Ман бовари дорам дар 99 фисади макотибхои олию миёна дарси халол намешавад лекин ин карори ноодилонаи Шумо то абад дар фикри мардум хохад монд....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кани дигар вазирон монанди вазири маориф ва илм мешудаанд
Рахмат акаи Нуриддин
аз номи мардуми Дарвоз (Сагирдашт)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
вазорати маориф шуморо ки хак додааст ки аз куръон сухан кунед? Шумо ку фарзи Илохиро ба инобат намегиред. ё чи муаллимон мусалмон нестанд? бояд ид накунанд? намози ид нараванд
Посух додан
  • Точик

  • 30 август 2017 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Роста мега, некем чида ин мардака тахкир кадиян. Номша да нохунак гирифтагиян. и читари "профессорай"
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои ҳамин вокунишро тайёр кардан қонундонҳои вазорат ду рӯз сарф кардаанд. Далелу арқоми зиёде оварда шудааст, ки вазорат ҳақ асту профессори мӯҳтарам ноҳақ. Аҷибаш дар он аст, ки ҳар ҷое калимаи профессор овардаанд, онро дохили нохунак кардаанд, мана ин тавр "профессор". Бо як ҳисси нафрат ва масхара, яъне , "ҳамин ту ҳоло зидди вазораи садо баланд кардӣ?" Бо ин вокунишаш "вазорати маориф нишон дод, ки "ҳеч шаҳрванде ҳақ надорад пишаки ниҳодҳои давлатиро "пишт" гӯяд. Хоҳ ӯ шаҳрванди оддӣ аст ё академик." Мо дар назди вазорату кумитаҳо ба мисли пашшаем.
Вале бо вуҷуди тамоми худсафедкунии "вазорат" мо, шаҳрвандони хокӣ, як чизро дақиқ медонем. 1 сентябр, яъне, рӯзи, ба истилоҳ, "дониш", аввалан ҷашн нест, дуввум, ҷашни миллӣ нест. Иди Қурбон ва Иди Рамазон ҷашнҳои миллианд, яъне рӯзи истироҳати шаҳрвандон. Шумо як рӯзи муқаррариро аз ҷашни миллӣ боло мондед ва як нафар олими тоҷикро ба нодонӣ муттаҳам кардед.
Сониян, рӯзи идро бо ихтиёри худ ба ин ё он рӯз монда намешавад. Ин ид дар тамоми дунё дар 1 сент. дуруст меояд. Инҷо Шӯрои муҳтарами уламо коре карда наметавонад. Дар соли оянда, насиб, ин ид даҳ рӯз пештар меояд, тахминан, 22 август. Ин ба Шӯрои уламо вобаста нест. Баръакс, вазорат метавонист, ончӣ дар макотиб рӯзи 1 сент. ташкил мешавад, рӯзи 4 сент. анҷом диҳад. На сих месӯхт, на кабоб. Вазорат бо як қарори худ ҳам муаллимонашро, ҳам садҳо ҳазор шогирдонро аз таҷлили Иди муқаддаси Қурбон маҳруму табъи мардумро хира кард. Банда ҳуқуқшинос нестам, профессори муҳтарамро низ намешиносам. Вале дарк мекунам, ки вазорати маориф барқаст қонунҳои Тоҷикистонро вайрон карда истодааст. Вале Вазорати муҳтарами адлия чаро хомӯш бошад?
Посух додан
  • Галу

  • 30 август 2017 17:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз ч,авоби Вазорати Маориф ва илми ч,умх,ури бармеояд,ки профессор бесавод будааст,хонандагон х,ам бесавод,ч,аноби Вазир босавод.Ман х,ам х,ук,к,шиносам,локин бесавод.Як савол:Иди К,урбон иди милли ва мазх,абии мардуми Точ,икистонест,ки 95% -аш мусулмонанд.Иди К,урбон дар К,онуни Ч,умх,урии Точ,икистон дар бораи идх,о х,амчун иди Давлати,Иди дониш х,амчун иди касби омадааст.Акнун к,азоват кунед,ки мартабаи кадомаш волотар аст.Ин якум.Дуюмаш ин,ки К,онуни Ч,умхури дар бораи идх,оро парламенти Точ,икистон бо к,арори худ к,абул карда ва сардори давлат онро бо имзои худ ба он х,укми к,онун даровардааст.Оё Вазорати маориф метавонад бе к,арори Х,укумат ё Парламент Х,укми онро дигар кунад.Ба фикри Ман барои рузи кори э'лон кардани рузи ид К,арори Х,укумат лозим.
Посух додан
  • Абдураҳмон

  • 30 август 2017 17:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Вазорат ҳазорон "тибқи фалон, тибқи фалон" истинод бмёрад ҳам, тибқи шариати Худо рӯзи Иди Қурбон дар ҳар рӯзе аз рӯзҳои ҳафта, ки биёяд, рӯзи истироҳат аст. Ин нақзи рӯирости Шариат ва ҳам Қонуни ҶТ "Дар бораи рӯзҳои ид" аст.
Посух додан
  • Zafar

  • 30 август 2017 17:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин чавоб.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шукр карда будам, ки хамин сол оиди чашни идхои масхаби фаркият накардем, аммо тамоми дунье иди курбон истирохат бечора муаллимову хонандахои мо кор
Посух додан
  • мимати

  • 30 август 2017 18:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хаминро бояд гуфт,ки он чизе дар Конститутсия омадааст хеч ниход хукуки таъгири уро надорад. Фарз кардем конститутсия рузхои идро мукаррар ва имтиёз пешбини кардааст. вале Вазорат ё ниходи дигар дар доираи хаийати муошовара икдом пеш мегирифтааст. агар хар ниход бо икдомхои худ карор кабул кунад пас рисолати Конститутсия чи мешавад? аз ин чо бар меояд, ки Профессор хак буда, хочат ба хондани сафсатахои Вазорат нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бешак, мазмун ва услуби чавоби Вазорати маориф ва илми чумхури ифодаи сатхи фарханги хизмати дар дастгохи давлатии Точикистони имруза мебошад. Вале "аз мост, ки бар мост". Хайфи захматхои Рудакию Фирдавсию Сино...
Посух додан
  • Талабхон

  • 30 август 2017 19:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точистон давлати дуняви аст. Хуб мешуд рузхои иди "Рамазон" ва "Курбон"-ро рузхои кори эълон мекарданд, на рузи истирохати. Тасмими Вазорати маориф дуруст аст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шояд ҷанобӣ вазир намедонистанд ки иди қурбон дар қонунуни ҷумҳурии тоҷикистон иди давлати аст яъне инро ҳаммаи мардум ва ë аксари мардуми ҷт ҷашн мегиран бахусус кудакон ва иди 1 сентиябр бошад иди касби аст ин идро ҳато 4/1 мардум ҷашн намегиран. мехроч,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нуриддин конунро риоя кунед Агар ягон супориши дигар бошад чизе гуфта намешавад
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!