Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 июл 2018, 02:45

Таъсиси комиссияҳои ҷамъиятӣ дар вазорату идораҳо: Аз нақзи “қонуни танзим” ба “боло” хабар медиҳанд

31 август 2017, 11:28

Дар тамоми вазрату идораҳои кишвар, ки на камтар аз 30 корманд доранд, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад. Ҳадафи ин комиссия риояи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” аз ҷониби кормандон хоҳад буд. Ин нукта дар тағйиру иловаҳо ба моддаи 51-и қонуни мазкур, ки 28 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зери он имзо гузошт ва аллакай мавриди истифода қарор гирифт, зикр шудааст.

Дар ин банди қонун омадааст, дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. Дар идома омадааст, комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи қонуни танзимро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд: “Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар муҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд”.

Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 сол қабл қабул шуд ва ахиран бо пешниҳоди раисҷумҳур ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли соли равон ҳангоми мулоқот бо фаъолони кишвар гуфт, баъди қабул шудани қонун давоми 10 сол 18 миллиард сомонӣ маблағҳои сокинон сарфа шудааст. Дар тағйиру иловаҳо бархе меъёрҳои қонун шадидтар шуд. Аз ҷумла барои нақзи қонун мансабдорони давлатӣ аз мақом барканор хоҳанд шуд. Инчунин, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаи азодории “ҳафту чилу сол” манъ шуда, маросимҳои хатнасури кӯдакон бидуни даъвати овозхонҳо баргузор мешавад. Баргузории маъракаи “ҳоҷизиёрат” низ аз ин ба баъд мумкин нест.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дуст

  • 31 август 2017 11:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баргузории маъракаи “ҳоҷизиёрат” низ аз ин ба баъд мумкин нест.Хаминаш безеб , набошад "Озодагон" Хочи-Иршода зиерат мерафтем.
Посух додан
  • Саркарда

  • 31 август 2017 12:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана худо баъзеҳора мета!!!!
Дар ин қонун дар бораи ташкили "тройка" гуфта нашудааст?
Ё ин "иқдоми" минбаъда хоҳад шуд?
Посух додан
  • Вонкувери

  • 31 август 2017 13:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вақте ки давлат ё ҳукумат аз иҷрои вазифаҳои худаш намебарод, яъне ки ҷойҳои корӣ ташкил карда наметавонад ва шароити афзудани даромадро ба мардум таъмин карда наметавонад ба ҳамин хел корҳои пуч даст мезанад. Бовар кунед, тамоми дунё ба ҳоли тоҷикистон механдад. Равшану Ҷамшути кам буд, ки боз ин тамғаи шарм ба сарамон омад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман аракро партофта хочи мешам чи
Посух додан
  • 056

  • 31 август 2017 14:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дигар конуну коидахое ки дар муддати 25 сол кабулнамуда мисли ин конун ба таври зарури ичро мешуданд мардум ба таври хаети мардуми аврупову амрико кайхо расида буданд.
Посух додан
  • Давлатбек

  • 31 август 2017 15:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тагйиру иловахо дар Конуни ЧТ бар бораи танзиму анана ва чашну маросимхо, ки бо пешниходи бевоситаи Пешвои Миллат сурат гииифтааст, дар шароити бухрони иктисодии башари саривакти хисобида мешавад. Вактхои охир бараьло исрофкори ва зиедарави (таклиди якдигар) ва дар ин замина карздоршавии чузьи нодори ахоли оварда расонида буд. Бегонапарасти дар либоспуши низ дар байни ахоли то рафт зиед шуд. Аз ин ру, бо риояи чунин як конуни мазкур хамаи зиедаравихо танзим асрда мешаванд. Ахсан ба Чаноби Оли...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!