Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 ноябр 2017, 21:40

Отамбоев: Агар кореро анҷом надода бошам, маро бубахшед

31 август 2017, 11:55

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар бораи натиҷаи муқаддамотии давраи президентии худ суҳбат карда, аз мардуми кишвараш узр пурсид.

"Агар кореро натавониста бошам, дар вақташ анҷом бидиҳам, маро бубахшед. Як вазъияти хеле душвор буд",-гуфт Отамбоев. Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон дар ҳоли ҳозир пешсаф аст, "ҳарчанд дар гузашта ҳама вақт талош мекард, то ба касе бирасад".

"Ба хотири он ки тайи ин 6 сол маро ҳамчун президент дастгирӣ кардед, миннатдорӣ баён мекунам. Бахусус, ташаккур аз бишкекиҳо. Эҳсос кардам, ки онҳо ҳама вақт ҷонибдори мананд",-изҳор дошт Отамбоев ҳангоми ифтитоҳи бинои асосии маркази гармидиҳии Бишкек.

Давраи президентии Отамбоев 1 декабри соли равон ба поён мерасад. Қарор аст, 15 октябр дар Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор шавад. Бар пояи конститутсия, президенти ин кишвар барои як давраи 6-сола интихоб хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • киргиз

  • 31 август 2017 12:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи мардуми баландхиммат хастанд киргизхо ! Ана демократия! Тамоми магозахои Москва пури моли киргиз: шиму курта, либосхои занона. Мардумаш хам бе мамоният дар магозахои Россия савдогаранд.
Посух додан
  • саш

  • 31 август 2017 15:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман Хамин марда гапнадорам офарин
Посух додан
  • мухочир

  • 31 август 2017 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
офарин атамбоев мисли рохбарони ИДМ набудаи рохбарони ИДМ мансабро бо дандонхояшон газидаанд намехоханд сараш диханд
Посух додан
  • ҳамроз

  • 12 сентябр 2017 13:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Таъна назанед дустон Президентӣ кори осон нест ва Худовандам ҳар касу нокасро Шоҳ намекунад...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!