Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 июл 2018, 02:44

Чин дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсолии коркарди мис месозад

4 сентябр 2017, 14:19

Ширкати куҳкории Зиҷини Хитой қасд дорад дар Тоҷикистон як корхонаи коркарди мис бунёд кунад. Ин нукта аснои мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Чэн Ҷин Хэ, президенти ин ширкат таъкид шудааст.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Чэн Ҷин Хэ имрӯз, 4 сентябр дар шаҳри Сямэни музофоти Футсзяни Чин сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ширкати куҳкории Зиҷин ва Тоҷикистон дар бахши афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон мубодилаи афкор намуданд: “Зикр гардид, ки ин ширкат тайи 10 соли фаъолияти хеш дар Тоҷикистон беш аз 450 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст. То имрӯз истеҳсоли солонаи тилло ба 20 тонна ва шумораи коргарон ба бештар аз 2 ҳазор нафар расонда шудааст, ки 98 фисади онро мутахассисони маҳалӣ ташкил медиҳанд. Тибқи нақшаҳои оянда ширкат ният дорад, ки дар Тоҷикистон як корхонаи истеҳсолии коркарди мис бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосир бунёд намояд”.

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нуҳумин ҳамоиши сарони давлатҳои узви БРИКС ба шаҳри Сямэни музофоти Футсзян рафтааст. Ин ҳамоиш то 5 сентябр идома мекунад.

“БРИКС”-- блоки иқтисодӣ ва тиҷоратии иборат аз панҷ кишвари бо суръат рушдкунанда - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!