Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 15:43

Нозири мизи ҳарбӣ барои “билети ҳарбии ноқобил” 3500 сомонӣ талаб кардааст

4 сентябр 2017, 16:40

Як нозири мизи ҳарбӣ, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешуд, 18250 сомонӣ ҷарима ва аз ҳуқуқӣ ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ва роҳбарикунанда барои 2 сол маҳрум шудааст.

Торнамои Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Хушев Хуршед Алимардонович 31 майи соли 2017 ҳангоми дар вазифаи нозири мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ кор карданаш “бо роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ, аз шаҳрванд Ниязов И.Н., бо ваъдаи додани билети ҳарбии ноқобил ба хизмати ҳарби 3500 сомонӣ талаб мекунад”.

Ба иттилои манбаъ, баъди гирифтани маблағ ӯ аз ҷониби кормандони мақомот дастгир мешавад. “Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 1 августи соли 2017 Хушев Х.А. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в, г” Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 18250 сомонӣ ва маҳрум кардан аз ҳуқуқӣ ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ва роҳбарикунанда ба муҳлати 2 сол таъин карда шуд”,-меафзояд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Як нозири мизи ҳарбӣ..." Ин чигуна забон аст? "Нозири мизи ҳарбӣ" чӣ маъно дорад? Ба ягон услуби забони тоҷикӣ дуруст намеояд. Дида мешавад, кӣ ин аз русӣ баргардонида шудааст. Вале дар забони русӣ ҳам инхел истилоҳ вуҷуд надорад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!