Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:46

Соҳибкори тоҷик дар фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии истеҳсоли Узбакистон муттаҳам мешавад

5 сентябр 2017, 09:28

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор гардидани фурӯши ғайриқонунии либосҳои истеҳсоли Узбакистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе зимни як амалиёти гумрукӣ рӯзи 28 августи соли равон дар бозори ҶДММ “Достӣ”-и пойтахт фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии кӯдаконаро ошкор кардаанд. Ба иттилои манбаъ, “аз контейнери №3, ки иҷорагираш шаҳрванди Тоҷикистон Я.В. ( соли таваллудаш 1982), истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан мебошад, 104 баста либосҳои мактабии кӯдаконаи истеҳсоли Узбакистон дарёфт карда шуд”.

Я.В. гуфтааст, ин либосҳои кӯдаконаи мактабиро аз бозорҳои либосфурӯшии вилояти Суғд аз соҳибкорони ношинос бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ харидорӣ намуда, қасд доштааст дар бозори “Корвон” бифурӯшад.

Хадамот мегӯяд, нисбати ин ҳолат бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба Додгоҳи ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Воридоти мол қонуниву ғайри қонунӣ мешавад? Он молҳое, ки аз Хитой, Дубаю Туркия меоянд қонунӣ, будаанду чаро ончӣ аз Узбакистони ҳамсоя меояд ғайри қонунӣ? Дар кадом асос?
Инҷо сухан дар бораи рақобат меравад.
Посух додан
  • беном

  • 5 сентябр 2017 13:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Он либосхое ки дар текстии тачикистон мефурушанд на андозаи хуб дораду на сифати хуб амо нархашро намегуи бо хамон духташон дандоншокан курташ яктараф кастум кутохутанг брукаш андозаи бобои рахмати
Посух додан
  • хардор

  • 5 сентябр 2017 15:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин истаравшаниро фавран чавоб дихед хафт сол пеш тамоми точикистон тамоми махсулотро аз уротепа меоварданд имруз худашон хам бор меовадаги шуданд ин хамаш гап савдогархоеки мактабхоро бо форма тамин мекунад бахели кардесан лекин хаштод фоизи борошон аз хитою узбакистон аст ваюба мункину чаро дигароба не хамара ба як чашм нигох кунетон чанобон дигарохам деги сиёх доранд дута пулдора гуфта сад каса бериск накунед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон, танқиди ҳукумату идораҳои ҳукуматиро чоп намекунед, ин фаҳмост. Пас, танқиди Текстилкомбинатро чаро чоп накардед? Аз тарси кӣ ва чӣ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар ин сохибкори сагира патнт ё шаходатнома дошта бошад, шумо кочок будани моли уро исбот карда наметавонед ва асос барои ба чавобгарии маъмури кашидани вай вучуд надорад.... Проблемаи бедарвоза будани сархади гумрукиро ба гардани ин бечора назанед, акнун...
Посух додан
  • Машкоб

  • 6 сентябр 2017 07:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
моли истехсоли Точикистонро дар Узбекистон ошкор карданд гуем ба хакикат наздиктар аст ,ин дигар сафсата.
Посух додан
  • 5

  • 8 сентябр 2017 10:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То ба кай аз дигар чой мол меорем, дар ин муддат мо иктисодиети бегонагонро бо хариди молхои онхо сармоягузори карда истодаем.Солхои шурави мо худро аз либоси мактаби таъмин карда мнтавонистем ку?кани хамон иктидори истехсоли ?Дар ин муддат мо метавонистем ки ягон фабрикаи халол бунед кунем.То ба кай маблаги мухочирини мо ба хорич меравад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!