Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 апрел 2019, 01:44

Ҳусайнов барои кордкашӣ ба тарафи шиносаш наздики 9 сол зиндонӣ шуд

5 сентябр 2017, 12:22

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як сокини ин ноҳияро барои 8 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Миралӣ Ҳусайнов ин муҳлатро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт пушти сар хоҳад кард.

Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, 19 апрели соли 2017 Миралӣ Ҳусайнов дар пайи хусумати шахсӣ ба манзили истиқоматии шиносаш Саидҷонов У.Б., воқеъ дар рустои Сабзикори ноҳияи Рудакӣ рафта, ӯро ба берун даъват мекунад ва ба қафаси синааш ду маротиба бо корд мезанад: “Саидҷонов У.Б., аз ҷониби шоҳидони ҳодиса фавран ба беморхона бурда шуда, дар натиҷаи ёрии сари вақтии табибон наҷот меёбад”.

Ба иттилои манбаъ, баъди ин ҳодиса Ҳусайнов М.Ш. фирор мекунад ва 26 апрели соли 2017 аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастгир мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!