Корхонаи тиллои “Зарафшон” мунтазири иҷозатнома аст
“Зарафшон” – калонтарин корхонаи истихроҷи тилло дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмондааст. Як манбаи "Озодагон" далели инро ба дарёфт накардани иҷозатнома рабт дод. Аммо масъулини корхона мегӯянд, он фаъолият дорад.
Як манбаъ аз ин корхона имрӯз, 5 сентябр ба “Озодагон” гуфт, “Зарафшон” аз 13 август ба ин сӯ фаъолият намекунад: “Кормандонро ба рухсатӣ фиристодаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, қаблан ваъда шуда буд, корхона давоми чанд рӯзи наздик иҷозатномаро дарёфт мекунад, аммо бо гузашти ҳафтаҳо дастрас нашуд.
Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин -- “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир буда, яке аз корхонаҳои бузурги истихроҷи тилло ба шумор меравад. 75%-и саҳмияи корхонаро ширкати "Зиҷин"-и Хитой ва 25%-и дигарашро Тоҷикистон дар ихтиёр дорад. Маҳмудҷон Мусоев, намояндаи ин корхона дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ кард, ки муҳлати фаъолияти иҷозатномаи корхона 13 август ба анҷом расид ва ҳоло мунтазири дарёфти иҷозатномаи нав ҳастанд: “Тамоми ҳуҷҷатҳо омода ҳаст, Президент аз Чин баргарданд, имзо мекунанд ва корхона фаъолияташро идома медиҳад”.
Ба гуфтаи ӯ, дар корхона 2018 коргар фаъолият мекунад ва ҳамаи онҳо ба рухсатӣ фиристода нашудаанд: “Танҳо нафаронеро фиристодем, ки муҳлати рухсатии меҳнатиашон фаро расидааст”.
Бо ин ҳол, Маҳмудҷон Мусоев афзуд, корхона аз фаъолият боз намонда, ба истеҳсолот идома медиҳад ва танҳо моҳи сипаришуда дар ҳаҷми 319 кило маҳсулот супоридааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |