Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 12:28

6 пешниҳоди як ҷавони тоҷик ба шаҳрдорӣ, Вазоратҳои маорифу нақлиёт

5 сентябр 2017, 15:18

Як ҷавони фаъоли тоҷик барои роҳат шудани равуои сокинон ва меҳмонони пойтахт дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба раиси шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илм, инчунин Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳодҳое ироа кардааст.

Яке аз нахустин пешниҳодҳои Нурмуҳаммади Шамс дар саҳифаи Фейсбукаш ба 30 дақиқа тағйир додани вақти оғози дарс аст. Ӯ навиштааст, беҳтараш оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ соати 8:30 муайян карда шаванд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо қабули як қарор эълон кард, аз 1 сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 оғоз меёбанд. Қаблан бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси вақти Душанбе қарор шуда буд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт дарсҳо аз соати 7:30 оғоз шаванд.

Пешниҳодҳои Нурмуҳаммади Шамс зоҳиран ба танбашавии нақлиёти автомобилӣ, зиёд мунтазири нақлиёти мусофиркашӣ шудани сокинону меҳмонон рабт дорад. Маъмулан бо оғози дарсҳо дар муассисаҳои миёна ва олӣ Душанбе ба мушкили хизматрасонии нақлиётӣ рӯ ба рӯ мешавад.

5 пешниҳоди дигари Нурмуҳаммади Шамс аз ин қабиланд:

-Иҷозаи таксиҳои 3-сомона;
-Иҷозаи бо мошин рафтан ба донишгоҳ, чун як донишҷӯ метавонад 4 донишҷӯи дигарро то донишгоҳ барад;
-Баъзе аз донишгоҳҳо ва факултаҳоро, ки соҳавӣ ҳастанд аз дохили поятахт баровардан, масалан қисме аз донишкадаи аграрӣ, политехникӣ;
-Дар назди донишгоҳҳо сохтани хобгоҳ;
-Донишгоҳҳо автобусҳои худро ташкил кунанд, бо ҷадвали муайян ва (проездной);


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • донишчуи бесавод

  • 5 сентябр 2017 15:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хар пагохи аз гипрозем то донишгох бо сад азобу машакат меравам. Зеро дар Гипрозем чунон одам бисёр аст ки чои сузанпартои нест. Дар сари гардишгохи самти шахраки харбиён як нафар шахси масъул намедонам аз кадом сайёра бошад микроавтобусхоро нигох доштан намемонад. Микроавтобуси раками 2 хело кам аст, ки аксарияти коргарон ва донишчуёнро ба марказ мебарад. Агар хуб мебуд хар чи зудтар тролейбуси раками 5-ро дар ин самт фаъол мекарданд то харидорони бозор ва баъзе донишчуёнро ба маконашон интикол медод. Агар холо чунин аст пас зимистон ба чое рафтан намешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
се пешниходи ахир дар хакикат дуруст аст. Агар хуб мешуд ду донишгох дар шахри Хисор, як донишгох дар нохияи Рудаки, як донишгох дар шахри Турсунзода ва ду донишгох дар шахри Вахдат мешуд бисёр хуб мешуд. Хам бучаи ин шахру нохияхо ганитар мешуд хам вазъи харакати наклиёт дар шахри Душанбе осонтар мешуд.
Посух додан
  • Бе ном

  • 5 сентябр 2017 19:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нурмухаммади Шамс пешниходхои бехтаринро кардаен валекин бо мошинхои шахси ба дарс рафтани донишчуён ба максад мувофик нест барои он ки донишчуён хангоми бо мошини шахси ба дарс рафтанашон мукин аст ба бисёр конуншиканихо рох диханд аз чумла худписанди намуда мумкин аст ба дарсхо иштирок накунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон пешниходаш намешавад! Ман устоди Донишкада хастам, ки тачрибаи кории 25 сола дорам. Хаминро фахмидам, ки он донишчуе, ки ба дарс дер меояд, вай дар соати 10 низ дер мемонад, хатто дар басти 2-юм дер мекунад.
Посух додан
  • OSHO

  • 5 сентябр 2017 22:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як чизи хайратовар боз он аст, ки Душанбе гуё студенческий городок шудааст, охир айб аст, хамаи донишгоху донишкадахоро танхо дар Душанбе чой кардан, пешниходи басо макбул, бовар кунед аз дасти гала-гала гаштани донишчую талабаи махшар дар ягон нуктаи шахр озод гаштан намешавад. як бор сахар ва бегох ба кучахли шахр нигаред, кад-кади рох хазорон одам аксари он донишчую муаллиму талаба. Дархакикат донишгоххои сохави бояд ба марказхои дигар куч дода шаванд. Душанбе маркази сиёсиву фархангии кишвар аст ва бисёр хуб мебуд, ки муассисахои тахсилоти олии касби дар маркази вилоятхо бештар амал кунанд. Як илтимоси банди хамин аст, ки хамин кондукторхо пурра аз наклиёти дохилишахри гирифта шаванд, бовар кунед барои мо айб аст, дар ягон марказхои мутамаддин дидаед, ки маршрутка кондуктор дошта бошад, бахудо касам ки шармандаги. Баъзе рафикони хоричи меоянд ман шахсан шармзада мешавам ва намедонам ки ба саволхои тааччубовари онхо чи чавоб гуям. Пешниходи дигари ман ин аст, ки як тоифаи нозирони наклиёт дар кучаву паскуча аз думи маршруткахо сур карда мегарданд ва хатто дар дасташон калтак наклиятро ба монанди ДБД боздошта тафтиш мекунанд. ЭЭЭЭ мардум шармро дар бозори чарм магар фурухтаед, ин тоифаи кавдан чи хак дорад, ки ба протсесси коммуникатсияи наклиёт дахолат кунад, точики карда гуем онхо нозири дбд нестанд, яъне автодорожник нестанд, чи хак доранд????
Посух додан
  • Сиёсатмадор

  • 6 сентябр 2017 11:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беном,
Узр мехохам лекин ШУМО устоди хакики набудед. Имруз барои 40 -60 дирам дар микроавтобусхо чангу хархаша мешавад оё хабар доред? Сахари донишчуён аз наклиёт танкиси мекашанд аз чумла донишчуёне ки дар хобгохи назди 33 мкр зиндаги мекунанд оё хабар доред? Хобгохо дур аз донишгоху факултахо хастанд оё хабар доред? Донишчу ба ками дар 1 мох 500 сомон масраф дорад хол он ки маоши хадди акал 400 сомон аст оё хабар доред? Хатто тарики маркази тести довталаби босавод донишчу шуда наметавонад! масалан ба яке аз донишгохои Тоҷикистон аз баъзе хабархои ягон чои бучави надорад, донишгохои дигар аз гурухи 25 нафара танхо 7 нафарро ба буччави кабул мекунанд тамом дигарон шартномави. пул бошад Донишгохои шартномави дар дунё пур. ОЁ ХАБАР ДОРЕД?
Хамаи 5 пешниход ХУБ аст агар МАНСАБДОРОН ва ФАРЗАНДОНАШОН конунро риоя кунанд лек сад афсус КОНУН танхо барои одамои ПРОСТОЙ аст на МАНСАБДОР.
Посух додан
  • Шаҳрванд

  • 6 сентябр 2017 12:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар масъулон ҳаракати нақлиёти байнишаҳриро дуруст ба роҳ монанд, ба ин гуна пешниҳодҳо ҳоҷате намемонад. Гап сари танзими нақлиёт аст, на вақту соати дарсӣ ва на маҳалли ҷойгиршавии донишгоҳҳо на дигару дигар...
Посух додан
  • донишчу хакикатчу

  • 7 сентябр 2017 09:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пешнииходи Бехтарин Хукумат дастгири кунад.Сухани Чони халк гуфтааст. Офарин ба ин шери нар. Конунхо бояд тарики пешниходи Чавонон ва халки ЧТ кабул шавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!