Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:41

Мактуби боз ба вазири тандурустӣ: Шикоят аз гирифтани “лифтпулӣ” ва “бозори бахилфурӯшон”

5 сентябр 2017, 16:54

Гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” дар як мактуби боз ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хостори расидагӣ ба чанд мушкил дар самти хизматрасонии тиббӣ шудааст.

Дар ин мактуб, ки онро Раҷаб Мирзо, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масьули гуруҳи “Ахбор барои афкор” нашр кардааст, сухан асосан сари пулакӣ будани лифти беморхонаҳо ва фурӯши бахил дар касалхонаҳои ҷумҳурӣ меравад.

МАТНИ КОМИЛИ МАКТУБИ БОЗ:

“Ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода.
Ҷаноби вазир! Тайи ду рӯзи охир дар гуруҳи “Ахбор барои афкор”- и шабакаи иҷтимоии Фейсбук матлаби як корбари он, дар бораи пулакӣ будани истифодаи лифтҳои беморхонаи марказии вилояти Суғд баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Мардум на танҳо ин амалро шармандагӣ мехонданд, балки чандин мисолҳои дигар ҳам оварданд, ки ин “таҷрибаи нодир” дар бархе беморхонаҳои дигари мамлакат низ ҷо доштааст. Агар ин ҳама ҷо дорад, пас воқеан ҳам ҷойи нанг аст. Хоса дар кишваре, ки тибқи Қонуни асосӣ давлати иҷтимоӣ будаву бандҳои мушаххаси Конститутсия ройгон будани табобатро кафолат медиҳад. Акнун тасаввур намоед, ки кампир ё мӯйсафеди бемореро ё ҳатто бемори ҷавон ҳам бошад, ба касалхона меоранду кадом як дарбони лифт бидуни пардохти 30 дирам (мардум дар шарҳи ин матлаб аз бархе касалхонаҳое низ ном бурданд, ки аз 1 то 5 сомонӣ “лифтпулӣ” гирифта мешудааст) ворид шудан намемонанд. Айб аст? На, ҷаҳолат!

Шумо худатон беҳтар аз мо медонед, ки табобатгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо ва шояд садҳо мушкили дигар доранд. Норозигии мардум аз хидматрасониҳои “бепул” ва дар баъзе ҳолатҳо бесифату камтаъсир кам нест. Бовуҷуд, одамон бо асабҳои хароб ба умеде пеши табибон меоянд, ки то ҷое мушкилашонро осон кунанд. Шумо ҳамчун духтури дилшинос хеле хуб медонед, ки касалидорӣ ба асабу равони мардум ва ахиран қалби онҳо бетаъсир намемонад. Худое накарда ягон рӯз кадоме бо асабҳои хаста ин ҳолатро тоқат накарда, вокуниши ҷиддие ба ин “лифтбон” намояд оё бори дигар “тибби бепул”- и Тоҷикистон мавриди истеҳзову хандахариш ва накуҳиш қарор намегирад? Чун ҷойи гап омад, ҳоҷатхонаҳои пулакии касалхонаҳоро низ бояд мавриди баррасӣ қарор дод. Оре, мо медонем ки ҳоҷатхонаҳо бояд тозаву озода бошанду барои ин масрафоте зарур асту нигаҳбон. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин маконҳои “мушкилосонкун” ба тиҷорати хос дар бемористонҳо табдил ёфтааст...

Ҳамчуноне ки Президенти кишвар бо як боздидаш аз Қарияи Боло садҳо мушкилоти “тиҷоратӣ” ё ба таври дигар ба як бозори калон табдил ёфтани ин касалхонаи машҳурро ошкор намуд, Шумо ё намояндаатон як бор ба ҳоҷатхонаҳои ин касалхона мутавваҷеҳ шавед, даҳҳо масоилро пайдо мекунед.

Масъалаи “бахил” низ дар ҳамон матлаби нашркардаи мо мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Мардум аз он шикоят доранд, ки барои “бахилфурӯшон” муҳим нест, ки як ниёзманд “бахил”-ро мегирад ва ба по мекунад ё не. Муҳимаш ҳамон 1 сомонист. Супоред ва паноҳатон ба Худо!

Ҷаноби вазир! Мо аз Шумо шинохти дигар дорем. Шуморо ҳамчун нафари донишманду ҷаҳондида муаррифӣ мекунанд. Шояд бо ин масоил муроҷиат кардан ба Шуморо бо лабханд мепазиред ва моро ба “ҷиддӣ"”набудан муттаҳам намоед. Вале барои мо ҳоло муҳим шарманда нашудан дар назди дигарон ва аз Тоҷикистон ба ҳайси кишвари “феодалӣ” ном набурдан дар масьалаҳои вобаста ба тандурустист. Барои баррасии масоили бунёдии соҳаи масъулаш Шумо низ баррасиҳое дорем, ки иншоАллоҳ бо даст додани имкон сари онҳо ҳам бармегардем. Қаблан изҳори сипос менамудем, агар масъалаҳои мавриди баррасии ҷомеаи шаҳрвандиро ба муҳокимаи ҷиддӣ мегузоштед ва дар ҳаллашон мусоидат мекардед.

Бо эҳтиром Раҷаб Мирзо, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъули гуруҳи “Ахбор барои афкор”- и шабакаи иҷтимоии Фейсбук”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин больницаи рохи охан шахси аст
ё,ки давлати
Посух додан
  • Мусофир

  • 5 сентябр 2017 17:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби вазир вакташон нест! Холо аз думи руенидани хосил.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хози дарвозаи Беморхонахоро нагуфтед каравул 1 сомон талаб мекунад аз авалаш бад сар мешадто главврачша касал беморхона мурдани меравад табобат не
Посух додан
  • бандаи Худо

  • 5 сентябр 2017 18:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рачаби Мирзо мегум хамчун намояндаи хукумати н. Сино соли гузашта огородхои мардума чазир карди бо ба кадом холат бо кадом руй камбудии болнитсара гап мезани ????
Посух додан
  • бемор

  • 5 сентябр 2017 18:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Солҳои пеш бемор бе додани пул дар даромадгоҳи беморхона ё дармонгоҳ, тавасути лифт баромадан, инчунин бе бахил ба назди ДУХТУР медаромадем. Ҳозир бошад чӣ, хараҷотҳои номбаршуда барои "духтур"-и имрӯза меарзанд-ми? Бахилпӯшӣ моли мо нест. Агар бахилпӯширо ҷорӣ кардаед, пас қоидаи онро риоя кунед. Дар даромадгоҳ ду қутӣ гузошта, шахси бахилфурӯшакро дар назди ҳоҷатхонаҳо навбатдор монед, ки баъди ҳар як ҳоҷатбаро, ҳоҷатхонаро чунон тоза кунад, ки аз ҳоҷатхонаи хонааш фарқ накунад (албатта бепул). Афсӯс, Афсӯс, Афсӯс
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом ба хама!!! албата чаноби вазир нисбати ин масъала чидди бошен, аз дасти инхел беору беномусон хама дар назди халк ганда мешаванд. барои хочатхона, бахили, лифт ин шармандаги ва гадои то хатто. инхо хамаш аз хисоби бучети худи бемористонхо бошад. илтимос чиди бошен....
Посух додан
  • goktor

  • 5 сентябр 2017 20:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як чизи дигар боиси таасуф ва нигарони аст хамин тавакуфгоххои назди дармонгоххо!!. Дар замини давлати,як сим е бандро мекашанду як сомон дех! Магар ин амалхо бе ичозати сардухтурхо меравад?Харгиз не!
Посух додан
  • Вали

  • 5 сентябр 2017 20:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачибаст! вакте ки ба беморхона ворид мешави гуё ба бозори чахони ворид шуди. Багайр аз доду гирфти молияви чизеро намебини.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин касали дар хама чо арзи хасти дорад. Хамаи духтурон гуе ки план доранду бояд супоранд. Дар шуъбаи кабули "медгородок" як УЗИ-и давраи хамиладориро ба 20 сомони анчом медиханд. Хол он ки дар "прейскурант"-и овезон кардаашон 11 сомони навишта шудааст.
Иловатан бояд кайд намоям ки барои чор кук духтани чои захми буридаи пои фарзандам 65 сомони барои план талаб намуданд. Хамаи лавозимоти дорувориро то перекис ва бинту перчатки худам харида овардам. Боз хакки хизмати духтуру ердамчиаш иловатан маблаг пурсиданд.
Посух додан
  • Корафтуда

  • 6 сентябр 2017 00:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мархамат ба роддоми 3 ш. Душанбе. Хамааш кушоду равшан аз чониби сардухтур. Озодагон ташаккур
Посух додан
  • Бемор

  • 6 сентябр 2017 09:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ачоиб ба кайд гирифтани хомиладорон ва додани дору ва витаминхои мухлатрафта бо маблагхои гарон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Проктологи нагз дар кучо ба ман расонед
Посух додан
  • 58

  • 6 сентябр 2017 12:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба бозори калон табдил ефтааст дар баъзеашон сохиби касал касалиро бардошта этаж ба этаж мегардад.Бахил 1 с туалет пулаки кадом хизматаш бепул?Хизматрасони сифр дорухо калбаки мисли сабзавот мефурушанд халта халта мегириш натича нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ой мегум ки ба муаллим пул натен ба духтур натен
о ба ки дихем ман хайронам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисьер масалаи чиддист! Рахмат ба Рачаби Мирзо! Новобаста аз он, ки хизматрасонии бепул" факат руй когаз мондааст, нархи хар як дармонгох ва беморхона руз аз руз баланд шуда истодааст. Духтурхона ким кайхо бизнес шудаст. Аккалан, сифати хизматрасони бояд ба хамин нарх арзанда бошад, то ки мардум духтурхоро лаънат нахонанд. Вале, ин айби табибон одди нест чунки, аз онхо хатто барои таъмири палатахо ва дигар хизматрасонихо буччави сардухтурон пул меситонанд. Аз болои ин, табибон барои харочотхои шахсии сардухтутрон хам хисса мегузоранд. Хатто пули лифту бахил хам ба киссаи якхел сардухтурон меравад, холо он, ки ин пул дар бучча пурра гузаронда шудааст ва бояд ба фоидаи касалхона ва барои бехбудии зисти беморон истифода шавад, на ба фоидаи шахсии сардухтурон ва дигар шахсони муттасадди! Мухтарам Вазир! Бисьер ба умедем ба ин бедодгарихо хотима дода мешавад ва тамоми кисмхои дигари коррупциони низ аз системаи тандурусти решакан мешавад!
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!