Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 10:42

Хуҷанд: Баҳси ду донишҷӯ бо кордкашӣ анҷом ёфт

6 сентябр 2017, 13:57

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи муноқишаву кордкашии донишҷӯён дар шимоли кишвар як ҷавон ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Ба иттилои манбаъ, соатҳои тахминан 08:40-и 5 сентябр миёни донишҷӯи курси 1-и Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи соли 3-юми шӯъбаи расомии Коллеҷи санъати ин шаҳр муноқиша сар задааст: “Дар пайи ин муноқиша, донишҷӯи Коллеҷи техникӣ, сокини шаҳри Хуҷанд бо корди дар дасташ буда, 2 маротиба ба шиками донишҷӯи Коллеҷи санъат, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров задааст”.

Ба иттилои манбаъ, ҷабрдида ҳоло дар беморхона бистарӣ аст.

ВКД мегӯяд, донишҷӯи “Коллеҷи техникӣ” аз сӯи кормандони пулис боздошт шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!