Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 18:36

Ҳалокати ноболиғи 6-сола. Нон дар гулӯяш дармондааст

6 сентябр 2017, 16:43

Давоми чор рӯзи ахир дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар шимоли Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расидааст.

Манобеи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, 4 сентябри соли равон, тақрибан соатҳои 17:30 дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом ҳангоми истеъмоли хуроки шом дар гулӯи як кӯдаки 6-сола пораи нон дармемонад: “Дар натиҷа кӯдак ба ҳалокат расидааст”.

Ду рӯз пештар аз ин, 2 сентябр дар шаҳри Истаравшан як сокини 18-солаи ҷамоати деҳоти Зарҳалол, ки ба ҳайси мардикор дар манзили зисти ҳамдеҳааш кор мекардааст, зери девор мемонад: “Ӯ дар бемористони шаҳри Истаравшан ба ҳалокат мерасад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!