Бахшҳо
06 сен 2017 17:40Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ғолибони DigitalCamp аз Tcell маълум шуданд!

Лоиҳаи инноватсионӣ ва технологии Tcell зери унвони DigitalCamp, ки тули се моҳи тобистон идома дошт, ҷамъбаст гардид. Аз моҳи июн сар карда иштирокчиён ба хотири дарёфти роҳҳо, имконоти рақамии бештар ба хотири рушд ва амалӣ гардонидани идеяҳои тиҷории хеш гирд омада буданд.

Чаҳор ҳафта курсҳои омӯзишӣ дар масъалаҳои мубрам, суҳбат бо мутахассисони варзидаи соҳаи тиҷорат, корҳои амалӣ ва маслиҳатҳо заминаҳои муфидро барои ҳалли техникӣ ҷиҳати амалисозии идеяҳои иштирокчиён ба вуҷуд овард. Замони амалисозии лоиҳа 15 вебсайт сохта шуд, ки 7-тои он ба даври финалӣ роҳ ёфт. Дар маросими қадрдонӣ се нафари беҳтаринро эълон карданд.

Зинаи якум насиби https://hitpay.tj/ шуд. Лоиҳаи Hitpay – ин нахустин ҳамёни электронӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамёни электронӣ барои мустақиман аз телефон ва компютер харидорӣ кардани хизматрасониҳо зарур аст. Корбарон дар Тоҷикистон имрӯз метавонанд ба ҷойи терминалҳои пардохти пулӣ, ки дар кӯча насб шудаанжд, аз телефонҳои ҳамроҳашон истифода баранд. Дар дилхоҳ ҳолат тариқи Hitpay метавон давоми чанд сония маблағи тавозуни мобилӣ, интернет, хизматрасониҳои давлатӣ ва ё букмекериро пардохт кард.

Ҷойи дуввум - https://hunar.tj/ Лоиҳаи ҲунарМаркет барои бунёди фазои ягона ҷиҳати хариду фурӯши ашёи тарроҳӣ ва корҳои муаллифӣ нигаронида шудааст. Ин ҷоест, ки ҳунармандон, тарроҳон, созандагони чизҳои нодир бо усули миллӣ метавонанд гирд биёянд ва маҳсулоти хешро ба аудиоторияи васеъ пешниҳод намоянд. Харидорон имкон доранд, намунаи ягонаи корҳои нодирро дастрас кунанд.

Зинаи сеюмро дастаҳои https://tajsoap.tj/ ва https://vmentor.tj/ гирифтанд. Tajsoap – ин мағозаи онлайнии косметикаҳои табиӣ ва органикӣ, ҳамчунин туҳфаҳои дастисоз барои саломатӣ ва зебоӣ аст. Virtualmentor –портали виртуалӣ, дорои маълумоти пурра, муназзам ва муҳим дар бораи 157 намуди тиҷорат мебошад. Ин портал “иртиботи дуҷониба”-ро дар бар гирифта, ба ҳама суолҳои вобаста ба тиҷорат ҷавобҳои дақиқ медиҳад. Портал як навъ шабакаи иҷтимоии соҳибкоронро дар Тоҷикистон месозад.

Чанд лоиҳаи дигаре, ки ба даври финалӣ роҳ ёфтанд: https://megamag.tj/ - мағозаи интернетӣ, ки ҳаммаи мағозаҳои Тоҷикистонро дар як майдони онлайнӣ ҷамъ меоварад.
https://tajtour.business.site./ - сомона барои беҳтарин сафарҳо ва сайёҳат дар Тоҷикистон.
https://esports.tj – майдон барои рушди варзиш дар Тоҷикистон.
https://beautysecrets.tj/ - мағозаи косметика ва ғайра...

Ғолибони лоиҳаи Digital Camp зинаҳои мувофиқро сазовор гашта, барои рушди идеяҳои тиҷорияшон дар оянда маблағ ва туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Озод Давлатшоев, директори генералии ширкат дар бораи ин лоиҳа мегӯяд: “Мо хостем барои ҷавононе, ки идеяҳои худро доранд, фазо созем, то тавонанд онро дар ҳаёт амалӣ намуда, тиҷорати муваффақро роҳандозӣ намоянд. Ҷаҳон ба самти технологияи рақамӣ ҳаракат мекунад, Интернет ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар яки мо табдил ёфтаааст. Барои Tcell амалисозии ин лоиҳа бисёр муҳим ва лозимӣ буд. Мо бовар дорем, ки ин танҳо оғоз аст ва DigitalCamp барои ба муҳити рақамӣ ворид кардани соҳибкорони тоҷик мусоидат кард”.

Иштирокчиёни Digital Camp, ки ба лоиҳа дархост ирсол карда буданд, танҳо бо идеяҳои тиҷорияшон омада буданд. Амалигардонӣ ва истифодаи ҳамаи кори иштирокчиён - вебсайтҳо барои тиҷорат, бо иштироки соҳибкорони ибтидоӣ дар тренинги Digital CampTcell имконпазир гардид. Давоми чор ҳафтаи омӯзиш иштирокчиёни лоиҳа барномаи таълимии васеъ ва фарогир доштанд.

Дар ҳафтаи якуми омӯзишӣ, дастаҳо тамоюлҳои технологияи ҷаҳонӣ, сохтани нақшаҳои тиҷорӣ дар формати canvas, таҳқиқот ва баҳогузории бозор, кор бо муштариён ва дар гуруҳ, муайян намудани шунавандагони мақсаднок ва роҳҳои муошират бо онҳо, роҳи амалисозии идея, қисми молиявии тиҷорат, бозор ва усули рекламаро омӯхтанд. Бо дастаҳо роҳнамоён-кормандони ширкат, ки таҷрибаи чандинсолаи корӣ дар соҳаҳои гуногунро доранд, инчунин мутахассисони маҳаллӣ аз ташкилотҳои гуногун кор карданд.

Ҳафтаи дуюм ва сеюми DigitalCamp ба тарҳрезии веб сайтҳо равона шуда буд. Курси 10 рӯзаи омӯзишӣ ба иштирокчиён имкон дод, то дар соҳаи дизайни веб, забони HTML ва CSS маълумоти бештар гиранд.

Иштирокчиён инчунин бо барномаҳои эҷоди саҳифаҳои интернетӣ ва лоиҳакашони сомона шинос шуданд. Дар поёни чаҳорумин ҳафтаи омӯзишӣ ба иштиркчиён таҳлилгари байналмилалӣ Денис Каталин дар бораи тиҷорати рақамӣ гуфт. Онҳо асосҳои маркетинг ва пешбурди маҳсулотро дар Интернет ва малакаҳои амалӣ ва воситаҳои рақамиро омӯхтанд. Ин машғулиятҳои амалӣ ба иштирокчиён донишҳои заруриро барои сохтани сомонаи фаъол барои тиҷорат, доданд.

Ширкати Tcell ғолибон ва ҳамаи иштирокчиёни лоиҳаро табрик намуда, ба онҳо рушди минбаъда ва муваффақият дар роҳи сохтан ва амалисозии идеяҳояшонро таманно дорад.

Фурқат Расулов, яке аз иштирокчиёни чорабинӣ мегӯяд: “Digital Camp – ин роҳи муваффақ ба сӯи тиҷорати рақамӣ аст. Иштирокчиён хело босавод ва мутахассисони соҳаи худ мебошанд. Дар инҷо бисёр ҳамфикрон якҷой гирд омадаанд, ки мо робитаҳои муфид барпо кардем. Дар оянда ман бештар ба таври касбӣ ба тиҷорати рақамӣ кор хоҳам гирифт. Ҳар як лоиҳа дар ин ҷо ба таври алоҳида баррасӣ шуд, ки хело муҳим аст. Фикр мекунам ҳар даста роҳҳои муфидро махсусан барои лоиҳаи худ дарёфт”.

Ҳадафи роҳандозии озмуни Digital CampTcell рушди нерӯи инноватсионӣ ва ҳавасмандии ҷавонон барои эҷоди технологияиҳои соҳибкории муосир бо истифода аз имконоти технологияҳои муосир аст. Лоиҳаи DigitalCampTcell қисме аз масъулияти тиҷорӣ ва иҷтимоии ширкат буда, ба мақсадҳои рушди нерӯи инноватсионӣ ва ҳавасмандии ҷавонон барои эҷоди технологияиҳои соҳибкории муосир равона карда шудааст.

Шарики лоиҳа AccelerateProsperityTajikistan аст. Accelerate – ин бизнес-инкубатор аст, ки захираҳо ва донишҳоро сармоягузорӣ карда, соҳибкории хурду миёнаро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад ва барои сохтану рушд додани нақшаҳои тиҷорӣ кумак мекунад.
Tcell- бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ғолибони DigitalCamp аз Tcell маълум шуданд!

Ғолибони DigitalCamp аз Tcell маълум шуданд!

Ғолибони DigitalCamp аз Tcell маълум шуданд!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)