Бахшҳо

Пурсиш: Қазияи Мянмар чӣ роҳҳале дорад?

Ваҳшонияти артиши Мянмар нисбат ба мусалмонони ин кишвар бо вокунишҳои шадиде рӯ ба рӯ шудааст. “Озодагон” ҳам аз соҳибназарони тоҷик пурсид, ки ин қазия чӣ роҳҳале дорад?


Ҳафиз БОБОЁРОВ, файласуф

Фикр мекунам, дар чунин вазъият бояд Ҳукумати Мянмар ба фиристодаи СММ Кофӣ Аннон, ки масъули ҳалли хушунат дар байни буддоиҳо ва мусулмонҳо мебошад, гӯш диҳад ва тавсияҳои ӯро амалӣ намояд. Дар айни замон, ба минтақаи бархӯрд бояд созмонҳои ҳуқуқи башар, созмонҳои кӯмаки башардӯстона ва созмонҳои миёнарав барои ҳалли муноқиша ва зӯроварӣ ворид гарданд. Тибқи ҳисоботи СММ, зиёда аз 40 000 мусулмонони қавми Роҳинҷа ба Бангладеш паноҳ бурдаанд. Бисёр зарур аст, ки на фақат созмонҳои кӯмаки башардӯстона, балки давлатҳои алоҳида низ онҳоро бо ғизо, доруворӣ, сарулибос ва паноҳгоҳи муваққатӣ таъмин кунанд. Эрон ва Туркия ваъда дода буданд, ки агар Бангладеш мусулмонҳоро қабул кунад, омода ҳастанд, ҳама гуна дастгирии моддиро ба онҳо мерасонанд. Умедворем, ин ду кишвар барои давлатҳои дигар намуна мешаванд. Бархӯрди хушунатомези буддоиҳо ва мусулмонони минтақаи Роҳинҷа дар ин кишвар таърихи дурудароз дорад. Қавми кӯчаки Роҳиня, ки мусулмон ҳастанд ва буддоиҳо, ки аксариятро дар кишвар ташкил медиҳанд, ҳамеша мавриди таъқиби якдигар қарор мегирифтанд. Ба мусулмонҳо шаҳрвандӣ дода намешуд. Дар ин сурат, роҳи ҳал, пеш аз ҳама, додани шаҳрвандӣ ба қавми Роҳинҷа ва таъмини ҳуқуқи инсонии онҳо мебошад. Аммо ин ҳам роҳи ҳалли ниҳоӣ нест. Балки фаъолияти густардаи тарғиботӣ ва маънавӣ барои аз байн бурдани бадбиниҳои қавмӣ ва мазҳабӣ хеле зарур мебошад. Дар чунин вазъияти ҳассос ҳам ҳукумати Мянмар ва ҳам ниҳодҳои байналмилалиро зарур аст, ки пеши роҳи қувваҳои манфиатдори хушунатро бигиранд. Суратҳо ва наворҳое, ки ин қувваҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ (Фейсбук, Твиттер, Ютюб ва ғайра) паҳн мекунанд, на ҳамеша бевосита ба ин ҳодиса марбут ҳастанд, дар ҳоле ки онҳо саҳнаҳои бераҳмона ва пур аз зӯроварии солҳои пеш ва ҳатто марбут ба дигар минтақаҳо ва гурӯҳҳои ҷаҳон (монанди Боко Ҳаром)-ро ба намоиш мегузоранд. Барои пешгирии ин қувваҳо бояд Ҳукумати Мянмар имкон фароҳам орад, ки рӯзноманигорон ба минтақаи хушунат ворид шаванд.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршиноси масоили минтақавӣ

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки на ҳама он расмҳои куштори ваҳшиёна, ки дар саҳифаҳои интернетӣ пайдо мешаванд, воқеӣ ҳастанд ва аз ҷойи ҳодиса гирифта шудаанд. Аксари чунин расмҳо қалбакианд ва ё аз ҳодисаҳои дар гӯшаи дигари дунё рухдода (аз ҷумла кушторҳои Боко Ҳаром дар Нигерия ва ё ҷанги Руанда ва ғайра) ва ё аз ҳодисаҳои дигари дар Мянмар рухдода гирифта шудаанд, аз қабили туфону обхезиву ғайра. Ҳатто сарвазири Туркия ҷаноби Мехмет Симсек ҳам фирефтаи чунин расмҳои қалбакӣ шуда, чандеи онро дар сафҳаи худ дар Твиттер гузошт, вале баъдан маҷбур шуд онҳоро бардорад, чун муайян гашт ба ҳодисаҳои охири Мянмар ҳеч рабте надоранд. Мақсад аз паҳн кардани чунин расмҳои қалбакии “кушторҳои ваҳшиёна” андохтани ихтилоф байни мусалмонон ва пайравони динҳои дигар мебошад. Моро зарур аст ба чунин “хабарҳо” хеле эҳтиёткорона муносибат кунем. Яъне, имрӯз зарурати таълими “маърифати иттилоотӣ” ё худ “media literacy” барои мардуми тоҷик, бахусус ҷавонон пеш омадааст. Аммо ин ҳама маъное надорад, ки мо бояд дар қиболи хушунатҳое, ки дар ин кишвар нисбати мусалмонон сурат мегирад, хомӯш бошем. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан сохторҳои СММ, ки масъулияти ҳимояти ҳуқуқи инсонро ба душ доранд, бояд садои худро баланд кунанд. Мисли он ки дигар сохторҳои байналмилалии ҳуқуқи башар низ набояд дар ин масъала хомӯш бошанд ва аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин мавзӯъро матраҳ кунанд. Вале саволи асосӣ ин аст ки роҳи ҳал чист? Ҳама чиз, магар хушунат алайҳи хушунат. Мо бояд дарк кунем, ки бо дастгирӣ намудани як ҷониби низоъ, бахусус дастгирии мусаллаҳона, ин қазияро наметавон ҳал кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, алахусус сохторҳои молиявии он бояд сари ҳукумати Мянмар фишор оваранд ва онро маҷбур кунанд, ки барои ақаллиятҳои милливу динии кишвар ҳуқуқу озодиҳои бештар диҳад. Ҳамчунин, ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ бояд ба кишварҳои дигаре, аз қабили Арабистони Саудӣ низ фишори лозимаро оранд, то онҳо гуруҳҳои мусаллаҳи ҷудоихоҳи Мянмар, аз ҷумла Чайши Озодихоҳи Араканро, ки яке аз сабабгорони сар задани муноқишаи имрӯза мебошад, маблағгузорӣ накунанд. Ҷаҳон имрӯз ба як марҳилае расидааст, ки як қадами ноҷо метавонад сабабгори хараҷу мараҷи бемислу монанд гардад, ки оқибаташро танҳо Худо медонаду бас.

Маҳмудшоҳ КАБИРОВ, равоншинос

Таҳрим, таҳрим ва боз ҳам таҳрим. Эътироз ва дастгирии иқтисодии давлатҳои мусулмонтабиат, кумаки Ҳилоли Аҳмар ва дуъо дар хақи мусалмонони Мянмар. Онҳое, ки кушта шудаанд, шаҳиданд.

Меҳр СОБИРИЁН, таҳлилгари Маркази оянданигарӣ ва омӯзиши равандҳои муосири АУ ҶТ

Воқеъан ҳам кушторҳои ваҳшиёна дар Мянмар боиси нигаронии ҳар як фарди инсондӯст аст. Ин мушкил ҳарчи зудтар бояд роҳи халли худро ёбад. Яке аз роҳҳои боздоштани кушторҳо ба таври фаври ҷорӣ кардани таҳримҳо болои ҳукумати Мянмар ва он давлатҳое, ки мусалмонони ин кишварро бо яроқ таъмин карда, гурӯҳҳои ҷангӣ ташкил мекунанд, мебошад. Ҳамчуноне ки бар ҳукумати исломии Эрон ва ҳукумати коммунистии Куриёи Шимолӣ кардаанд. Дигар роҳ вуҷуд надорад. Агар кор ба амалиёти ҷангии дигар кишварҳо расад, хунрезӣ аз ин зиёдтар мешавад ва азбаски мусалмонони ин кишвар ақалият ҳастанд, хатари куллан нобудшавии онҳо ба вуҷуд меояд.

Иззат АМОН, вакили мудофеъ дар Русия

Ба назари ман наслкушии Мянмар на танҳо дар Мянмар, балки дар саросари дунё танҳо як роҳҳал дорад: муқовимати низомӣ. Таърих собит кардааст, миллате, ки тавони дифоъ аз худро надорад, ҳамеша мазлум будааст. Уммати Ислом баъд аз фурупошии Хилофати Усмонӣ пуштибон ва такягоҳашро аз даст дод ва баъд аз он ҳар қудрате ҳар чӣ хост болои ин уммат анҷом дод. Умедворам шерони Худо ҳанӯз миёни ин уммат зиёданд ва имкони дифоъ аз хоҳарону бародарони мусалмони худро доранд. Дирӯз дар Маскав дар назди сафоратхонаи Мянмар гирдиҳамоӣ ташкил шуд, ки мо низ дар он ширкат намудем. Имрӯз дар тамоми ҷумҳуриҳои қафқоз нисбати ин ваҳшоният гирдиҳамоӣ доир мегардад. Тамоми мардуми дунё эътироз карданд. Худо меҳрубон аст.

Асомуддин КАРИМЗОДА, омӯзгор

Ростӣ ман нисбати наслкушии мусалмонон дар Мянмар тариқи расонаҳо шунидаму хондам. Ва вокуниши баъзе мамлакатҳо ва шахсиятҳои гуногунро мушоҳида кардам. Ман ҳам ҳамчун як инсони мусалмон зидди ин чиз ҳастам, зеро исломи мо дини сулҳ аст. Фикри шахсии ман ин аст, ки ваҳшонияти Мянмар боз як бозии сиёсии дигар аст ва пушти ин боз ҳам ҳамон созмонҳои терористӣ ва абарқудратҳо меистанд. Ҳадафи асосии инҳо танҳо ноором сохтани минтақа ва наслкушии мусалмонон аст. Худо тамоми мусалмонони сайёраро аз хатарҳо ҳифз кунад.

Далер ИМОМАЛӢ, сокини шаҳри Душанбе

Роҳҳо зиёданд, фақат онро бояд аз сари минбарҳо ва сари компютарҳо ба амал гузаронд. Мисолашро ки имрӯз шунидам, тими футболи Қирғизистон аз бозӣ бо тими ин кишвар даст кашидааст. Бо бохти 3 хол ин тим дар таърихи бозии футбол ҳам сабти ном мешавад ва ҳам як қадамаке барои пешгирӣ аз чунин хушунатҳо мегузорад. Агар СММ дар воқеъ ҳаст ва дар воқеъ фаъолият мекунад инҷо бояд аз худ дарак диҳад. Ҳоло фаъолияти беғаразонаи ин созмон низ аз назари ман зери суол меравад, чун дар чанд даҳсолаи охир мебинем алайҳи хушунати инсонҳо ба ҳамдигар ба ҷуз чанд эътирози сари минбарӣ қариб кореро дар амал накардаанд. Ҳоло самти фаъолияти ин созмон шояд як кам тағйир хӯрад. Садҳо ҳазор ширкату идораҳи мусалмонӣ ҳаст, ки солона даромадашон ба миллионҳо доллар мерасад ҳоло аз миллиарду триллиардҳо нагӯем. Агар воқеан ҷомеаи мусалмонии ҷаҳон мехоҳад дар амал дифоъ кунад, ин шабу рӯз тамоми хароҷоташонро бояд болои ин мазлумон сарф кунанд. Агар ҷомеаи мусалмонӣ мехоҳад аз будани худ дифоъ кунанд, бояд то хатми ин амалҳои ваҳшиёна расман ҳамкориҳояшонро дар сатҳи ҳукуматӣ қатъ кунанд. Давлатҳои исломӣ ҳазорҳо артишу сарбоз доранд, аққалан барои дифои инсоният бубаранду дар рӯ ба рӯи ин ду се афасаракони ночиз гузоранд. Ин шабу рӯз наздик ба 4,5 миллион дар хонаи Худо Арабистон барои адои ҳаҷ рафтаанд, ҳаҷҷашон Худо кунад, ки қабул шавад, аммо чи мерасад ба ҳукумати Арабистон, ки имрӯзҳо сутуни Ислом мешуморандаш якрӯза даромади ин ҳоҷиёнро барои дифои ҳамдинҳои худашон ва инсоният сарф кунад. Садҳо роҳи пешгирии хушунат ҳаст, агар ҷомеаи мусалмонӣ дар сатҳи ҳукуматҳо хоҳанд, метавонанд онҳоро амалӣ созанд. Вагарна таърих намебахшад, насли башар намебахшад, он роҳбарони кишварҳои исломиеро, ки қудрат доштанду хушунатҳоро пешигирӣ накарданд. То имрӯз аз насли яҳудкушӣ бо сад шарм ёд мекунанд, ҳоло шарми мусалмонҳо бод, ки барои таърих чунин хотираеро сабт кардаем...

Фатҳиддин ЗАМОН, журналист

Ҳамеша дар гузаргоҳи таърихи сиёсии ҷаҳон ҷангҳои мазҳабӣ аз хунинтарину бадтарин ҷангҳои хонумонсӯз будааст. Тавре мушоҳида менамоем, ҷангҳои мазҳабӣ ва наслкушӣ дар Мянмар аз қатлу куштор ва ҷангҳои Ироқу Афғонистону Сурия ва Яману Либияву Сомаливу Нигерия фарқ мекунад. Мусалмонони Мянмар аз қадимулайём тариқи тиҷорат дар Роҳи Абрешим ба қаламрави ин давлати Ҷануби Осиё роҳ ёфтаанд. Пас аз соли 2012 Хукумати Мянмар хост ин кишвари Осиёиро аз мусалмонон пок созад. Ҳол он ки садҳо сол ин аққалияти мардумии Руҳанҷа он ҷо зиндагӣ мекарданд. Фаротар аз талошҳои исломситезонаи ҳукумати ин кишвар будпарастони ифротӣ низ барои қатлу куштори мусалмонон саҳми асосӣ доранд. Бар илова, ахиран рӯзномаи “Гордиан” хабар дод, ки давлати Мянмар нагузоштааст, ки СММ кумакҳои аввалияи ғизоии худро ба мусалмонон бирасонад.

Ман фикр мекунам як роҳи ҳал вуҷуд дорад ва он ҳам марбут ба нақши фаъоли Ҷумхурии Мардумии Чин ва Федератсияи Росия аст. Ин ду кишвари абарқудрати минтақа, ки дар Мянмар сафоратхона доранд, метавонанд ба ҳукумати Мянмар фишор оранд ва ин кишвар маҷбур мешавад қатлу бадарға намудани мусалмононро аз хоки худ қатъ кунад.
Мӯҳр
точик Фед
Ами ба таърих назар афканем аввалин мраотиба дар байни ду тараф ки хушаньу бадбини андохтааст? сарчашмааш аз кучо сар мешавад? Чи сабаб шудааст ки айни хол Миянмар дар чунин вазъ карор дорад? Озодагони мухтарам дар ин масъала як тахлил карда бароед.

ali
Аммо махз ин ду давлат,яьне Чину Русия созишномаи СММ ро блок карданд,нахостанд ки ООН нисбати хукумати Мянмар тахримхо чори кунад,шумо барраро рост ба дасти кассобон дода истодаед.

Хакикат
ali,
ку далел, ки Чину Русия вето гузоштанд? Исбот кун!

ali
Даст дори сар дори интернет дори,чуянда ёбандааст,https://thequestion.ru/questions/308811/pochemu-rf-i-kitai-pr
otiv-prin
yatiya-rezolyucii-po-birme

Хакикат,
АНДРЕЙ АВРАМЕНКО 10633
Центр международной военно-политической информации center-21.livejournal.com
Пользователю можно задать вопрос
Позиция Москвы по вопросу защиты и помощи мусульманам в Мьянме (бывш. Бирма) – это пример непоследовательности и конъюнктурности нынешней внешней политики России.

Вслед за Китаем, пользуясь свои правом вето, Москва заблокировала в Совете Безопасности ООН принятие резолюции о помощи мусульманскому меньшинству Рохинья, подвергающемуся на протяжении многих лет преследованию и пыткам в Мьянме. Лишённые политических и гражданских прав эти мусульмане, - а это примерно 1 млн. чел

Виркан
Ман аз баъзе нафарон он кадар мутахаййирам, ки хамеша дар забонашон руссия, руссия, руссия. О, каме шарм доред, каме фикр кунед ки махз хамин кишвари "азизи" шумо бузургтарин душммани мардуми мусалмон аст, тамоми фитнахоро хамонхо рохандози мекунанд. Чи фитнахое накардаанд, чи ихтилофхои миёни ахли суннат ва ташаййуъ наандохтаанд, дунёро бубинед, дар хамон Миёнмор хам силохи хамин бародари калонии шумо мусалмонхоро кушта истодааст. Мо бояд танхо ва танхо бо хамин кишвархои "бародари" калонии шумо тахрим эълом дорем. Ягон нафар намегуяд, ки барои ин мардум дар ватани кучаки эшон мухторияти нисби ё худ автономия диханд, ягон нафар нагуфтааст, хамин аст дифоъ аз мардуми мусалмон, шумо экспертхои сиёсатшиносон ин ахвол дошта бошед вой бар холи мардуми одди. Душманро хануз аз дуст фарк накардаед, вой мо войи шумо. Дар чанд соли ахир руссия ба микдори бесобика хамеша бар зидди манфиатхои мардуми мусалмон вето гузоштааст, боз ин чо яки дигар пурсидааст, ки кай вето гузоштааст, исбот кун. вой бар холи ману ту, ки бехабарем, чаласаи шурои амнияти СММ -ро надиди, боз исбот талаб мекуни.

хонанда
Фармондеҳи артиши Қувваҳои мусаллаҳи Мянма гуфт, ки "мо ҳоло корро анҷом медиҳем, ки соли 1942 анҷом дода натавонистем".
Мувофиқи гузориши созмонҳои ғайриҳукуматӣ, наслкушии Араканс ба дараҷаи аз ҳад зиёд расид. Гузоришҳо мегӯянд, ки ба ғайр аз таҷовуз ба номус, шиканҷа, қаллобӣ, боздоштгоҳҳои худсарона, гирифтани замин ва тамаркузи комил аз муҳит, стратегияи дарозмуддати наслкуши истифода мешавад. Ҳуҷҷатҳои пинаконии ҳукумат низ нишон медиҳанд, ки нақшаи "нобудшавии оммавӣ" дар сатҳи олӣ омода шудааст. Режим ва фашистҳои бутпараст кӯшиш мекунанд, ки Роҳинаро нобуд кунанд. Мутаассифона, дар ин ҷиноят гунаҳкорӣ ба назар мерасад. Тақвияти геноград дар марҳила истифода мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз дахолати самаранок дар ин раванд даст кашида, нақшаи харобшавии онҳоро дастгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, ҷангиёни озод дар Аракан мегӯянд: «Мо дар марҳилаи охирини пеш аз зӯроварӣ ҳастем, мо бояд аҳолии худро муҳофизат кунем».
Русия ва Чин доимо амалҳои Шӯрои Амниятро оид Мянма дастгирӣ намекунанд ва вето мегузоранд, чунки бо Мянма созишномаи таъминоти силох доранд Гайр аз ин дар вилояти(штати) Раҳин, порт ва системаи қубурҳои нафту газ барои таҳвилгарони гидротехникӣ ба Чин сохта шудаанд. Хотиррасон намоям, ки ин хат ба Чин тавассути Рахин ва Шан меравад, равшантар мегардад, ки чаро Раҳин дар давоми чанд соли охир ба наслкуши гирифтор шуда истодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)