Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:13

АКС: “НФС “Сафина” дар пайи риоя накардани қоидаҳои зиддисухторӣ оташ гирифтааст”

7 сентябр 2017, 15:56

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сафина” дар шаҳри Ваҳдатро риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхторӣ унвон кард.

Ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ тахминан соатҳои 11:15-и имрӯз, 7 сентябр оташ гирифт. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯйи Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” гуфт, ҳодиса замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки боркаши ҳомили гази моеъ хостааст, газро холӣ кунад: “Айни ҳол санҷиш идома дошта, зарари молӣ маълум карда мешавад”.

Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин ҳодиса касе зарар надидааст.

Моҳи марти соли сипаришуда, дар шаҳри Ваҳдат нуқтаи фурӯши сӯзишвории №22оташ гирифта буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!