Ба соҳиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон 56 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон 5 октябр дар шаҳри Ваҳдат доир мегардад.
Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ки яке аз мубтакирони ин мусобиқа аст, мегӯяд, дар рақобатҳо варзишгарон аз 20 кишвар иштирок хоҳанд кард. Ба иттилои манбаъ, аз Тоҷикистон 15 варзишгар вориди қувваозмоӣ мешавад.
Ғолибони зинаи аввал соҳиби Ҷом ва 56 ҳазор сомонӣ мегарданд. Барои ҷойи дуюм 32 ҳазор ва барои мақоми сеюм 16 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Мусобиқоти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо соли гузашта низ дар шаҳри Ваҳдат доир шуда, Ҷом насиби варзишгари украинӣ -- Станислав Бондаренко шуда буд. Ҷойи дуввумро Гарсия Мендоз, варзишгар аз Куба ва ду ҷойи сеюмро варзишгарони узбак -- Муҳсин Кисомиддинов ва Абдулло Тангриев соҳиб гаштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |