Таъкиди дабири СПАД ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Юрий Хачатуров, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароиро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот имрӯз, 8 сентяр дар Душанбе сурат гирифта, зимни он аз ҷумла омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Мински Беларус баргузор мегардад, баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳо ҷиҳати таъсиси системаи ягонаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштироккунанда дар соҳаи мудофиа ва амният, ки давоми 25 соли имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15 соли таъсисёбии ин созмон амалӣ шудаанд, изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба мавқеи ягонаи кишварҳои аъзои созмон доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини амнияти ҳудуди давлатҳо ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар кардаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, дар мулоқот ҳамчунин ҳамкории дастаҷамъии сохторҳои марбутаи кишварҳои аъзои созмон дар самти баланд бардоштани самаранокии кори амалиёти муштараки фаврӣ — ҷустуҷӯӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |