Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 13:39

“Ховар”: Қатъи намояндагии САҲА ҷавоби муносиб ба суханронии Кабирӣ хоҳад буд

8 сентябр 2017, 15:03

Хабаргузории давлатии “Ховар” мегӯяд, дар сурати ба конфронси САҲА даъват шудани фаъолони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ эҳтимоли қатъ шудани намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон мавҷуд аст.

Конфронси САҲА дар мавзӯи ҳуқуқи инсон ниммаи аввали моҳи равон дар Варшава баргузор мешавад. Хабаргузории “Ховар” аз қавли расонаҳо навиштааст, аъзои ҲНИТ ба ҳайси иштирокчӣ ва Муҳиддин Кабирӣ, ки дар ҷустуҷӯи пулиси байналмилалӣ – Интерпол қарор дорад, ба сифати маърузакунандаи ин конфронс ба қайд гирифта шудаанд. “Ховар” менависад: “Агар имсол ҳам муносибати САҲА бо ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ такрор ёбад, пас пурра аз фаъолият мондани намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҷавоби муносибу мувофиқ ба амалҳои он хоҳад буд”.

Соли сипаришуда дар конфронси марбут ба ҳуқуқи инсони САҲА иддае аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон вориди толорҳо шуда, суханронӣ карданд. Ба дунбол, намояндаҳои ҳукумат бо нишони эътироз аз иштирок дар идомаи ҷаласаҳо даст кашиданд. Баъдан Шӯрои доимии САҲА 1 июн қарор қабул кард, ки мақоми дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйир ёфта, минбаъд ба ҳайси “Дафтари барномаҳои OSCE дар Душанбе” фаъолиятҳояшро идома медиҳад. Гуфта мешавад, ин кор бо фишори ҷониби Тоҷикистон анҷом шуд.

Хабаргузории “Ховар” гуфтааст, то як соли охир робитаҳои амиқ ва рушди ҳамкорӣ бо сохторҳои амниятии байналмилалӣ, аз ҷумла бо САҲА мувофиқ ба ҳадафҳо ва усулҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷорӣ ва ба манфиатҳои таҳкими истиқлолияти он, таъмини давлатдорӣ ва амнияти миллӣ ҷавобгӯ буданд: “Яъне робитаҳои Тоҷикистон бо САҲА то замоне, ки дар пойтахти Полша як гурӯҳ одамон ба қавле “иқдом” содир карданд, бе мушкилӣ буд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гариби мухочир

  • 11 сентябр 2017 14:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баьд аз баста шудани дафтари саха да точикистон итиходияй аврупо хам барои хукумати точикистон чавоби дандон шикан хам дорад ва ин хам эьтироф кардани ХНИТ АСТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон мухолифин ,яъне (опозиция) вуҷуд доранд ва дар аксарият ҳолатҳо танҳо бо манфиати мардуми одди нақшаҳо доранд чаро дар мо не ?
Зиндагӣ бояд ранго ранг бошад ,аз рузе ин ҳизбҳоро мамнуъ ва бастаем касе аз камбудиҳое ҷомеъа сухан намегуяд ва фасодкориҳо зиёд ба чашм мерасад ...
Бояд камбудиҳоро сари вақт хотирасон кунем ва аз паи ислоҳаш шавем ,ана инро зиндагӣ мегуянд ...
Посух додан
  • Нозир

  • 12 сентябр 2017 10:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Конфронси САҲА дар мавзӯи ҳуқуқи инсон ниммаи аввали соли равон дар Варшава баргузор мешавад"

Нимаи АВВАЛи КАДОМ СОЛ? Нимаи аввали соли РАВОН барвақт сипарӣ шуд-ку?!
Посух додан
  • 123

  • 13 сентябр 2017 11:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нозир,
Конфронси САҲА дар мавзӯи ҳуқуқи инсон ниммаи аввали моҳи равон дар Варшава баргузор мешавад.Гариби мухочир,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!