Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 19 июн 2019, 00:25

“Бояд талош кунем, ки душманони озодии сухан натавонанд аз ин нозукӣ истифода кунанд”

8 сентябр 2017, 15:28

8 сентябр Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон аст. “Озодагон” аз чанд журналист пурсид: ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМРАЪЙӢ МИЁНИ ХАБАРНИГОРОН ҲАСТ?


Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон

Ҳамраъйӣ миёни журналистони Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо он хеле коҳиш ёфтаааст. Магар кумаку дастгигии ҳамкори шумо - Мижгона Ҳалимова, вақте мувоҷеҳ ба мушкил буд, намунаи ҳамраъйӣ набуд? Албатта, коҳиш ёфтани ҳамраъйии касбии журналистон сабабҳои объективию субъективӣ дорад. Ба андешаи ман, ҳамраъйӣ аз садоқат ба арзишҳои инсонӣ ва демократӣ, рисолати касбӣ ва эътимод ба ҳамдигар сарчашма мегирад. Мутаассифона, омилҳои фавкузикр дар рӯзноманигории муосири Тоҷикистон заъф дар худ доранд. Ҳамзамон, рӯзноманигорӣ ҳам аз дарди маҳалгароӣ пурра орӣ нест. Мо бояд ин заъфҳоро мардонавор эътироф карда, баҳри бартараф намудани онҳо талош намоем.

Хилватшоҳи МАҲМУД, хабарнигори мустақил

Ҳамраъйӣ натанҳо бо ҳам будану гирди мизе нишастан аст. Ҳамраъйӣ дар як корхонаи муштарак кор кардан нест. Ҳамраъйӣ дар гуфтору рафтор ва амал ҳамназару ҳамандеш будан аст. Бетафовут набудан ба ҳаводис, аз мушкилот чашм напӯшидан, дар баробари ноадолатӣ якҷоя садо баланд кардан - ин аст ҳамраъйӣ. Дар ҳоли ҳозир ва хосатан ду-се соли ахир миёни ҷомеъаи журналистии Тоҷикистон ҳамраъйӣ камтар ва аҳёнан ба назар мерасад ва фикр мекунам, ин дар оянда ба нафъи онҳо тамом намешавад.

Шодмон ЯТИМ, хабарнигор

Дар Тоҷикистон ҳамраъйӣ миёни хабарнигорон дар умум мушоҳида мешавад, вале ба таври ҷиддӣ не. Мисоли вуҷуд доштани ҳамраъйиро дар қазияҳои додгоҳӣ миёни расона ё хабарнигорон бо ниҳоде ё шахсони алоҳида мебинем, ки дар паҳлӯи ҳампешаи худ меистанд ё матлабе дар он бора нашр мекунанд. Вале ҷиддӣ набуданаш ба назари инҷониб он аст ки ҳангоми чунин мушкилӣ бо хабарнигор расонаҳои хабарӣ ё хабарнигорон баъзан то ба охир ҷаҳд намекунанд. Дар чанд соли ахир нашрияҳое фаъолияти худро қатъ карданд ва чанд хабарнигору нашрияҳо ба додгоҳ кашида шуданд. Дар ин ҳодисаҳо дар расонаҳо танҳо хабарҳое нашр шуд, вале кори дастаҷамъие аз ҷониби хабарнигорон сурат нагирифт. Бо вуҷуди ин ҷамъоварии маблағ барои пардохти ҷаримаи хабарнигоре, ки бо ҳукми додгоҳ муҷрим шинохта шуд, кори шоистае аз ҷониби хабарнигорон буд.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршиноси соҳаи ВАО

Агар хабарнигорони тоҷик хоҳанд, ки муввафақ бошанд, ҳуқуқҳои онҳо поймол нагардаду таҳқир нашаванд, бояд ки муттаҳид бошанд. Мутаассифона байни хабарнигорони тоҷик на ҳамеша ҳамръйӣ ё ҳамдигарфаҳмиву дастгирӣ вуҷуд дорад. Албатта ҳолатҳое, ки хабарнигорони тоҷик муттаҳид шуданд, ҳамраъй буданд, зиёд аст ва дар ин ҳолатҳо ҳатман ки дар муқобили фишорҳои мақомот истодагарӣ мекарданд. Вале мутаассифона ҳамон ҳамраъйие, ки мо мегӯем на ба тарзе ҳаст, ки орзу дорем. Дар тамоми дунё мақомот аз парокандагии қишрҳои ҷомеа истифода карда, фишорҳои худро дар алоҳидагӣ ба сари ҳар яке аз онҳо меоранд. Дар Тоҷикистон низ чунин ҳолатҳо рӯх медиҳанд. Ман ҳамеша аз хабарнигорони тоҷик даъват мекунам, ки муттаҳид бошанд, дар лаҳзаҳои вазнин ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунанд. Бояд кушиш кунем, ки душманони озодии сухан натавонанд аз ин нозукӣ истифода кунанд.

Раҷаби МИРЗО, сармуҳаррири нашрияи “Рӯзи нав”

Бешак масъалаи ҳамраъйӣ як мавзӯи доғ барои журналистони Тоҷикистон асту хоҳад буд. Барои чӣ? Агар аз як ҷониб пайдоиши фановариҳои навин ва ҳамин тавр журналистикаи иҷтимоӣ ё шаҳрвандӣ “ҳамкасбони” навро бо рисолату ҳадафҳои тоза рӯи кор овард, аз сӯи дигар марому аҳдофи касбиро низ байни журналистон феълан маълум кардан душвор шудааст. Дар замони Шӯравӣ, ки аслан журналистикаи идеологӣ доштем, ба ҳар сурат журналистон бо ҳам иттифоқ доштанду дар масоили усулӣ ҳамдигарро дастгирӣ мекарданд. Аммо ҳоло ҳамкасбони мо на танҳо аз лиҳози идеологӣ гуногунҷабҳаанд, балки дар бархе доираҳо он қадар сиёҳ шудаанд, ки намедонӣ ин ё он мушкилашро ба фаъолияти касбиаш марбут донӣ ё воқеият пиндорӣ. Сабабҳои ин ҳолат ба фикри ман, пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҳамкасбони мо як роҳбар ва созмони муваффақе надоранд, ки рисолатҳои касбии журналистиро барои худ меъёр дониставу маҳз паи амалӣ шудани онҳо талош намоянд. Ҳоло ки чунин нест, журналистон бо ҳам ба чашми шубҳа менигаранду аз ҳамраъйии онҳо гуфтан имкон надорад.

Ёқуб ҲАЛИМОВ, хабарнигор

Ба назари ман, миёни хабарнигорони тоҷик танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ ҳамраъйӣ ҷӯш мезанад ва бо гузашти чунин ҳолатҳо ҳамраъйӣ ҳам фаромӯш мешавад. Мо бисёр вақт сари суфраи тӯю сур ва маъракаҳои аъзои ҳамдигар ҷамъ шудани рӯзноманигоронро шоҳид мешавем. Вале дар масъалаҳои касбӣ тақрибан ҳамаи хабарнигорон ҳамраъйи идораи худ ҳастанд. Ҳар мавқееро, ки роҳбари идора ҷонибдорӣ кунад, зердастонаш ҳамон мавқеъро мегиранд. Ин боис мешаванд, ки рӯзноманигорони тоҷик дар масъалаҳои касбӣ соҳиби раъйи муштарак нашаванд. Ҳамраъй ва ҳамсадо набудани ҷомеаи рӯзноманигорӣ албатта ба нафъи журналистика нест. Ҳамраъй набудан монеъ мешавад, ки афкори иҷтимоӣ шакл нагирад ва мушкилу масоили ҷомеа ҳал нашаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!