Бахшҳо

Ҳамовозии Мирзиёев ва Руҳонӣ: Хасм набудему равобити ҳасана ҳам надоштем...

Ҳасан Рӯҳонӣ, президенти Эрон, гуфтааст, равобити Эрону Узбакистон ҳеч вақт хасмона набуд, аммо равобити самимона ҳам надоштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Эрон, Руҳонӣ ин нуктаро баъди дидораш бо Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Қазоқистон баён доштааст. Руҳонӣ дар мулоқот, ки 10 сентябр доир гашт, изҳор доштааст, ки бо ҳамтои узбакаш тасмим гирифтаанд, равобити ҷадидро ба роҳ монанд.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни вохурӣ ҷонибҳо тавсеаи равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ саромоягузории ду кишвар, транзит ва хариду фуруши нафтро баррасӣ кардаанд. Манбаъ мегӯяд, Руҳонӣ ба зарфиятҳои густурдаи Эрон ва Узбакистон барои тавсеаи ҳамкориҳо ишора карда, изҳор доштааст, ки “мо аз ҳузур ва фаъолияти сармоягузорони Узбакистон дар Эрон ва мутақобило аз ҳузури сармоягузорони эронӣ дар Узбакистон истиқбол мекунем. Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад наздиктарин масири дастёбии бозаргонони Узбакистон ба Халиҷи Форс ва обҳои озод бошад”.

Руҳонӣ дар идома гуфтааст, замина барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо миёни ду кишвар ҳамвор аст ва Эрон метавонад ниёзмандиҳои энергетикии Узбакистонро бароварда созад. Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Эрон, Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон ин мулоқотро дидоре таърихӣ унвон карда гуфтааст, Тошканд омодааст равобит худро бо Теҳрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди алоқа, беш аз пеш тавсеа диҳад.

Шавкат Мирзиёев, ҳамл ва нақлро аз заминаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар унвон карда, ҳамчунин хоҳони тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои донишгоҳӣ, энергетика ва мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Узбакистон ҳамчунин гуфтааст, ки Тошканд аз узвият Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунад.
Мӯҳр
Шавкат
Фаромуш набояд кард, ки сугдиёну хоразмиён, сакоиёну парконихо хамчун кутби тилоии ориёиён имруз махаки асосии мардуми Узбекистонро ташкил медиханд, биёед забонро як тараф гузорему тахкики антропологи кунем, ба мероси ориёи онхо хакки комил доранд, махз онхо дар якчояги бо туркони махалли ва форсхои сосони муттахид шуда душмани тамоми мардуми ирони, яъне эфталитхои турони ва аберагони Арчаспу Афросиёби кобулиро аз Осиёи Миёна, аз Сугд ва аз Бухорову Самарканд ронданд ва мардум нафаси тоза кашид. Фирдавси пас аз он ки эфталитхо, яъне гузаштагони паштуну афгонхо Бухорову Самаркандро гасб карданд, гуфта буд:
Бухоро пур аз гурзу купол буд,
Ки лашкаргахи шохи хайтол буд.
Дар чои дигар мегуяд:
Зи Арчаспу хешони Афросиёб,
Хама Сугд гардида дарёи об.
Агар имруз хам ин ду кишвар муттахиду муттафик шавад, барои ободии минтака накши калиди хоханд бозид ва онхо бояд ин икдомро пеш гиранд. Мутаассифона дар хама давру замон хасад хам накш дошт, хатто шояд боз ягон хасуде ба ин суханон хам хурдагири кунад, аммо агар Шохномаро хонед мебинед, ки хамеша тири ин хасудони иигвогар ва тафрикаандоз хок хохад хурд. Эрон ва Узбекистон бегумон умумияти зиёд доранд, ки он умумият аз тамоми дигар кишвархо зиёдтар аст, барои хамин масъалаи миллатхои сунъшудаи низоми тафрикаандози шурави бояд як тараф афганда шавад, ба таърих бояд таваччух кард.

Ун куч,ост, ун куч,ост? - рафта хонаи Шуч,ост!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)