Бахшҳо
13 сен 2017 09:20Тоҷикистон / Сиёсат

Пурсиш: Баъди ҷаласаи солонаи Варшава қазияи Тоҷикистону САҲА бо чӣ меанҷомад?

Чанд рӯз пештар хабаргузории давлатии “Ховар” навишт, дар сурати ба конфронси САҲА даъват шудани фаъолони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ эҳтимоли қатъ шудани намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон мавҷуд аст: “Агар имсол ҳам муносибати САҲА бо ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ такрор ёбад, пас пурра аз фаъолият мондани намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҷавоби муносибу мувофиқ ба амалҳои он хоҳад буд”. Аммо рӯзи гузашта, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ на танҳо дар ҷаласаи марбут ба ҳуқуқи инсони САҲА дар Варшава суханронӣ кард, балки як нишастеро ҳам гардонандагӣ намуд. Ҳамчунин як гуруҳ аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар назди бинои САҲА дар Варшава гирдиҳамоӣ карданд. “Озодагон” аз чанд соҳибназар ва коршиноси тоҷик пурсид: БАЪДИ ҶАЛАСАИ СОЛОНАИ ВАРШАВА ҚАЗИЯИ ТОҶИКИСТОНУ САҲА БО ЧӢ МЕАНҶОМАД?


Нуралӣ ДАВЛАТОВ, таҳлилгар

Баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва мӯътадил шудани вазъ Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии сухан, коре анҷом надод. Баъзе изҳоротҳое, ки пахш мекард, таъсире надоштанд. Ин созмон дигар он созмоне нест, ки соли 1975 ташкил ёфт.

Алӣ АЛИЗОД, коршинос

Тоҷикистон дар худии худ як давлати пешгӯинашаванда бо сиёсатҳои пешгӯинашаванда аст. Аз ин рӯ, ин ҷо ҳар чизе метавонад иттифоқ биуфтад. Истисно намедонам, ки масъала ба ҳадди ниҳоӣ бирасаду дафтари САҲА-ро бибанданд ва ё ҳамин тур бигузоранд, ки гӯё чизе сурат нагирифтааст.

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон

Эҳтимоли муташанниҷ гаштани муносибати Тоҷикистону САҲА вуҷуд дорад, вале кор то бастани дафтари ин созмон дар Душанбе намерасад. Ба андешаи ман, аз ҳузур пайдо кардани мухолифин дар ин ҷаласа фоҷеа сохтан лозим нест, балки Ҳукумати Тоҷикистон ба ин зуҳурот бо таҳаммул муносибат карда, бояд аз дипломатия кор бигирад.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия

Аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ шухӣ мекунанд, ки солҳои бепулии навадум ҳукумат дасти тамаъ сӯи Аврупо дошт ва ҳарчӣ мегуфтанд, мебардошт. Ҳозир Чин ҳаст - дигар Аврупову Русия лозим нестанд. Чунин шухиҳо заминаи воқеӣ доранд. Пас, қазия бо он анҷом меёбад, ки кафши САҲА пеши пояшон гузошта мешавад.

Хурсанд ХУРРАМОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Ман гуфта наметавонам, ки барои САҲА конфронс бо чӣ меанҷомад, чун ҳамоиш то 22 сентябр идома меёбад ва ҳама чиз аз натиҷаи он вобаста хоҳад буд. Дар матлаби “Ховар” таъкид ба баромади Кабирӣ ва ҲНИТ дар ҳамоиш шуда буд. Бояд гӯям, ки САҲА дар як вазъи ногувор қарор дорад, зеро аз як ҷониб намехоҳад мавқеашро дар Тоҷикистон аз даст бидиҳад, аммо аз ҷониби дигар наметавонад теъдоди зиёди одамонро нодида бигирад, ки аз нақзи ҳуқуқу озодиҳояшон шикоят мекунанд.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос

Гумон намекунам, ки Тоҷикистон фаъолияти дафтари САҲА-ро дар Душанбе бо назардошти тағйиротҳое, ки дар ваколоту салоҳияти он ба мувофиқа расидаанд, бозбинӣ кунад. Чун ба ҳар ҳол Бюро оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ба таври расмӣ аз даъват кардани намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар худдорӣ карданд, агар онҳо дар беруни бино эътироз карданд ва чанд нафарашон вориди толор шудаанд, ин аз воқеияти фаъолияти ин созмон гувоҳӣ медиҳад ва дарҳои созмони мазкур бо дарназардошти рисолате ки дорад барои ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамеша боз аст ва ин фурсати хеле муносиб барои барраси масъалаҳои мубрам мебошад. Мувофиқи мақсад мебуд, ки намояндагони ҳизбҳои ба таври расмӣ дар Тоҷикистон фаъолиятдошта, ба хусус Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро, ки новосбата аз монеаву мушкилиҳои зиёд фаъолияташ дар кишвар идома дорад, ба ин нишаст даъват мекарданд.

Рустам ГУЛОВ, блогер

Аз ҷиҳати мантиқ бигирем, тамоми ин таҳдидҳо оид ба баста шудани Дафтари САҲА дар Тоҷикистон аз таҳдид зиёд нахоҳад буд, чунки Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои фаъолияти ин ташкилот дар кишвар ёрии зиёд гирифтааст. Аз ҷумла дар шакли грантҳои ҳангуфт. Аммо ба ҳақиқати ҳол нигарем, арзишҳое, ки САҲА пайгирӣ мекунад, ба ӯ набояд имкон диҳанд, ки ултиматуми ҳукуматро қабул кунад ва эҳтимолияти зиёд аст, ки дафтари онҳо билохира баста мешавад. Аз ин зиёдтар гуфта намешавад.
Мӯҳр
Ватандуст
Дар хакикат ин САХА ва дигар созмонхое, ки гуруххо ва ташкилотхои террористию экстремистиро дастгири мекунанду дар нишастхои худ намояндагони хизбхои террористиро рох медиханд умуман аз худуди Точикистон рондан даркор, хамзамон дар тамоми дунё бояд нагузошт, ки чунин созмонхои байналмиллали ба чунин хатогихо рох дихад!! Ба хамагон маълум аст, ки ХНИ кайхо хизби террористи эълон шудааст, барои чи рохибари террористон Кабири, хоини миллати точик дар ин нишастхо бе мамоният ширкат меварзад???

Мухиб
Ман хамчун як шахрвандони оддии Чумхурии Точикистон аз тероррист будан ва ташкилоти терорристї эълон гардидани ХНИТ ягон шубха надорам. Симои воќеии инхо дар якчанд соли охир равшан шуд ва инро хама медонанд.

Студент
Дигар мо ба Кабири бовар надорем. Агар сад сол худро боинсофу гамхори ислом нишон дихад хам фоида радорад. Дидем хосили мехнати хизбашро ки кариб Точикистонро боз ба чанги солхои 90-ум кашонад бо Хочи Халиму дигар ватанфурушони ба мисли худаш!

Руи роост маълум аст, кишвархои хоричи Хнит ва Кабириро пуштибони мекунанд


Мухиддин Кабири бехтар мешуд, ки касбашро дигар кунад, чунки касби тичорати ба у омад накарда истодааст.

Рустами Достон
Агар шумо ба корхои бењудаву нодаркор машгул намешудед, ба ин њолат гирифтор намегаштед.

Хамкории САХА бо Чумхурии Точикистон аз рузхои аввали кориаш нияташ хам хуб набуд. Баъди чандин солхо маълум шуд ки танхо нияти хамкори САХА бахри ноороми ватани азизамон будааст.

озодагон ба шумо чи гап шуд? ку озодии баен ? минбари фабрикаи чавоб шудедми..ОБСЕ Е САХА кандата хур. Ягона ташкилоте, ки фаред шунави мардум гаштааст!!

Мантикан танхо як чиз аён аст ,ки бо ин гуна шахсиятхо хеч созмони бонуфуз равобити дустонаи худро нахохад баст

Мо борхо шохиди он гаштем, ки ташкилотхои байналмиллали махсусан чомеи шахрванди чи гуна бо мардум муносибат мекарданд. Чомеаи шахрванди кучоро менигарад акнун бубинад, ки чи гуна дар саросари чахон терроризму экстремизм рушд намуда истодааст. Чомеаи шахрванди мегуяд шумо ба акаи намекиро хукукашро поймол накунед. Акаи намеки дар Аврупо ва дигар давлатхо дар лагерхои террористи таълим гирифта дар тамомоми дунё таркишхоро ба вучуд оварда истодаанд. Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ошно гардад надонистам, ки саг хун мехурад хунхор мегардад.

Ифтихор аз Рашт
гумон мекунам максади онхо факат як чиз ин дарёфти панохгох ва гирифтани унвони гуреза дар аврупо аст, дигар хеч, чунки онхо яъе аъзои гурухи бо ном "24" ва Кабири хуб медонанд ахолии Точикистон хамаи умедашонро аз онхо кандаанд. Дар Точикистон барои онхо чой нест инро хеле хуб медонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)