Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:37

Ҷоми AFC-2017: “Истиқлол” ба даври финалӣ роҳ ёфт

13 сентябр 2017, 09:36

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе баъди як пирӯзӣ ва як мусовӣ бо тими “Серес Негрос” ба даври баъдии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 роҳ ёфт.

Бозии ҷавобии “Истиқлол” ва “Серес Негрос” рӯзи гузашта дар варзишгоҳи “Панаад Парк стедиум”-и шаҳри Баколоди Филиппин доир гашта ва мусовӣ -- 1:1 хотима ёфт. Голи нахустини бозиро бозигари мизбон Ҳеррера дар дақиқаи 34 ба ҳадаф расонд. Голи ҷавобии дастаи “Истиқлол”-ро дар дақиқаҳои иловагии дидор Дмитрий Барков, легионери русиягӣ вориди дарвозаи мизбонон кард.

Қаблан дастаи “Истиқлол” тими “Серес Негрос”-ро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 4:0 шикаст дода буд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар финали байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти Кореяи Шимолӣ ва “Бенгалуру” (Ҳиндустон), ки 25 сентябр маълум мешавад, рақобат мекунад.

Бозии аввали “Истиқлол” дар даври ниҳойӣ 27 сентябр дар шаҳри Ҳисор ва бозии дуввум 18 октябр дар меҳмонӣ баргузор мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!