Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:43

ВКД: Марди 30-сола дар ҳолати мастӣ ҷияни ноболиғашро то марг латту кӯб кардааст

13 сентябр 2017, 11:13

Кормандони пулис як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми куштори як ноболиғи 11-сола боздошт кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дастгиршуда 30-сол дошта, дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ зиндагӣ мекардааст. Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда тақрибан соатҳои 01:30-и рӯзи 12 сентябр дар ҳолати мастӣ ҷияни ноболиғаш, писарбачаи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакиро, ки ба хонаи бобояш меҳмонӣ омадааст, зери латту кӯб қарор додааст. “Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,-меафзояд манбаъ.

Ба хабари ВКД, дастгиршуда қаблан бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 177-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 4444

  • 13 сентябр 2017 11:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба мардуми Шарифи Точикистони Азизамон рости ман ин навиштачотро хондам хело гамгин шудам Худованд ин писарбачаро рахмату магфират шоистаи Чаннат кунад ба Падару Модари ин тифлак сабри чамилу ачри ъазим насиб гардонад ва ба ин ночавонмард хаминро гуфтани хастам, ки Иншоаллох дар назди конун чавоби ин кирдори зиштатро мегуи ва боз дар назди Худованд низ ъазоби ин кирдоратро мечаши бадбахт
Посух додан
  • Мусофир

  • 13 сентябр 2017 12:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро хисоби занонро манъ мекунеду аракро не ягон зан ба пушидани хичоб шахси наздикашро накуштаастку ва ё ин аракнуши аз одати миллии точикиаст?
Посух додан
  • odam

  • 13 сентябр 2017 16:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр хуб мешуд, ки харид ва фуруши арақро манъ мекарданд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!