Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:38

Латту кӯби мудирони мактаб аз сӯи раиси ноҳия дар Узбакистон (ВИДЕО)

13 сентябр 2017, 14:44

Сомонаи Kun.uz видеои латту кӯби мудирони мактабҳои миёнаи ноҳияи Сайҳунободи Узбакистонро аз тарафи раиси ин ноҳия нашр кардааст. Марде, ки дар ин навор раиси ноҳияи Сайҳунобод Носирҷон Эгамбердиев муаррифӣ мешавад, мудирони мактабҳоро дар як саф қатор карда, лату кӯб мекунад.

"Мудири маорифро монанди саг кашола хоҳам кард. Вале дар асл ту ҳам гунаҳкор ҳастӣ. Барои чӣ ватани худро эҳтиром намекунӣ?", - фарёд мезанад ин мард. Ӯ ба рӯи яке аз мудирони мактабҳо торсакӣ зада, бо дашному таҳқир дод мезанад, ки "магар истиқлоли давлат истиқлоли шумо нест?! Магар он барои шумо ҷашн нест?!"

Kun.uz бо истинод ба манбаи худ мегӯяд, қарор буд Рӯзи истиқлоли Узбакистон дар ноҳияи Сайҳунобод 25 августи соли равон таҷлил карда шавад, вале онро ба рӯзи 27 август ба таъхир андохтанд. "Дар натиҷа бархе аз мудирони мактабҳо натавонистанд, дубора барои ҷашн, ки ба рӯзи дигар гузошта шуд, одамони худро ҷамъ кунанд. 27 август дар чорабинии бахшида ба Рӯзи истиқлол шумори ками одамон иштирок кард ва раиси вилоят Эгамбердиевро барои дар сатҳи паст таҷлил кардани Рӯзи истиқлол танбеҳ дод ва раиси ноҳия ҳам аз мудирони мактабҳо "қасос" гирифт", - навиштааст Kun.uz.

Носирҷон Эгамбердиев моҳи октябри соли 2016 раиси ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарёи Узбакистон таъйин шуд. То он замон, ӯ сардори Идораи таҳсилоти махсуси миёна ва касбии вилоят буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • сайфиддин

  • 14 сентябр 2017 22:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр хокими гизала будаст. Гестапооооо!
\

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!